Э. Раҳмон мансаби нави собиқ раиси Кумитаи амниятро тасдиқ кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон таъини генерал Бейшанбой Жунусов, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро ба мақоми директори Маркази иттилоотию ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо гардиши маводи мухаддир тасдиқ кардааст.
Тавре дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон иттилоъ медиҳад, номзадии Жунусов ба мақоми нав аз ҷониби раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев пешниҳод шуда, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раисиҷумҳурони Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон тасдиқ шудааст.
Бейшенбой Жунусов дар гузашта ба ҳайси мушовири раисиҷумҳур, дабири Шӯрои мудофиа ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон кор кардааст. Марказе, ки феълан генерали қирғиз ба раҳбарии он таъин шудааст, фаъолияти мақомоти дахлдори Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистонро дар мубориза бо гардиши маводи мухаддир ҳамоҳанг мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |