Бахшҳо

Раиси Бонки Миллӣ ба Лю Тао: Ба 500 миллион $ қарз ниёз дорем (АКС)

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо Лю Тао, ноиби президенти шуъбаи Шинҷонии Бонки давлатии рушди Чин ҷудо намудани 500 миллион доллари амрикоӣ қарзро барои Тоҷикистон баррасӣ намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки Миллӣ Нурмаҳмадзода дар ин мулоқот, ки 1-уми июл сурат гирифт, изҳор доштааст, ки барои дастгирии тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои куҳӣ ва соҳибкории хурду миёна иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар айни замон ба ҷалби тақрибан 500 миллион доллар қарзи дарозмуддати имтиёзнок ниёз дорад. Гуруҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон, ки маҳз бо мақсади пеш бурдани машваратҳо оиди ин масъала ташкил шуда буд, омодааст бо ҳамкасбони хитоии худ корро оғоз намояд.

Лю Тао дар посух ба Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор доштааст, ки тамоми имкониятҳо барои ироаи 500 миллион доллар қарз ба Тоҷикистон вуҷуд доранд. Ӯ афзудааст, ки мақсади ташрифи онҳо ба Тоҷикистон ҳам муҳокимаи паҳлуҳои масъала оид ба ҷудо намудани қарз мебошад”.

Дафтари матбуоти Бонки Миллӣ мегӯяд, Нурмаҳмадзода меҳмононро муътақид кардааст, ки вазъи макроиқтисодии мамлакат дар панҷ моҳи соли равон муътадил буда, бинобар зиёд шудани ҳаҷми амонатҳои аҳолӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, афзоиш ёфтани пешниҳоди қарз ба субъектҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва ба андозаи 7 фоиз зиёд шудани даромад ба ҳар сари аҳолӣ, эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар қавитар гашта истодааст: “ Мо ба ҳамкорони хитоии худ, ки пешниҳодоти моро ҳамеша дастгирӣ мекунанд, изҳори миннатдорӣ менамоем ва боварӣ дорем, ки ҳамкориҳои судманд минбаъд низ густариш ёфта ба сатҳи нави баландтар мебароянд. Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар омодагии худро барои сари иҷро намудани уҳдадориҳои дар наздаш буда, изҳор медорад”.

Ба иттилои манбаъ қарор шуд, ки гуруҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Хитой баъди чанде дар шаҳри Пекин машваратро дар мавриди ҷудо намудани 500 миллион доллар қарз идома хоҳанд дод.


Раиси Бонки Миллӣ ба Лю Тао: Ба 500 миллион $ қарз ниёз дорем (АКС)

Раиси Бонки Миллӣ ба Лю Тао: Ба 500 миллион $ қарз ниёз дорем (АКС)
Мӯҳр
Ин кумакхо моро харруз ниёзмандтар аз пеш месозад ва ватанро аз шукуфои ва эхёи вокеи боз медорад ва шояд ингуна рафторхо ба як гуна урф табдил шавад (албата агар нашуда бошад). Он гуна, ки харруз дидем дар хазина чизе надорем бачои он, ки заррае бичумбем ва коре бикунем, танхо даст дароз кунем ва бигуем, ки бори дигар ба холи бечораи мо рахм кунед......

Дамир
Хай майлаш хитоихо карза метиян, лекин бад Точико аз кадом хисоб карза мегардонанд? Ягон барнома хаст? То хамин руза бе хамин хам карзда гутида рафтем. Хозир боз аз болои карз бо карз. Бемаъни будаст ин сиесати молии Точикистон!

Карздор
Ягон дирам карз лозим нест, номаъкул кардааст ин !!!! Аз хисоби карз зиндаги кардан мефорадшон

пештара одамони бо инсофу бо такво, як макол доштан. тегин хурдану карз гирифтан як касали мебошад.кору бор хеле бад, агар дар калаи калон, магзи сар кор накунад.

Худамонро лачом зада, ба хитоихо месупорем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)