Беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи дубораи вуруд ба Русияро дарёфт кардаанд
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Русия ба беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави кишварашро додааст.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират имрӯз, 2 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, беш аз 950 муҳоҷири меҳнатӣ ва 190 донишҷӯи тоҷик, ки дар омӯзишгоҳҳои Русия таҳсил менамуданду бо сабабҳои мухталиф иҷозаи вуруд ба ин кишварро надоштанд, дубора имтиёзи сафар ба Русияро пайдо кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, “ин афрод бо кумак ва мусоидати бевоситаи Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Константин Ромодановский, роҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия имкони дубораи вуруд ба қаламрави Русияро пайдо карданд”.
Ба иттилои ҷаноби Қодирӣ, дар бораи иҷозаи вуруди шаҳвардандони кишвар худи ҳамин рӯз, 2 июл аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия унвонии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мактуби расмӣ ворид гардидааст: “Бо мақсади бартараф кардани мушкилот ва проблемаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба Русия манъ шудааст, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия гуруҳи экспертӣ ташкил карда, аз рӯйи 5 категория (табақа) шаҳрвандон аз рӯйхати манъшудагон озод мешаванд”.
Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, гуфтушунидҳо бо ҷониби Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирон ва аз рӯйхати мамнӯъшудагон берун кардани шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |