Бахшҳо
03 июл 2015 17:12Тоҷикистон / Сиёсат

Лоиҳаи ДИИШ: Баъди Сурия Эрон?

Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стртаегии назди Президенти Тоҷикистон, ки имрӯз, 3-юми июл ба унвони коршиноси мустақил дар Клуби коршиносони масоили Эрони муосир суҳбат мекард, гуфт, ки Эрон бо вуҷуди ин ки ниҳоди вижаи дар умури мубориза алайҳи терроризм надорад, вале ягона кишварест дар Ховари миёна, ки дар мубориза алайҳи ҳам терроризми дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ фаъол мебошад: “То ҳатто президенти Амрико Барак Обамо як мактуби махфӣ ба Ҷумҳурии исломии Ирон ирсол карда ва хостааст, ки ин кишвар дар мубориза алайҳи терроризм, аз ҷумла ДИИШ ба онҳо ёрӣ кунад”.

Худойбердӣ Холиқназар, ки дар мавзӯи “Ҷумҳурии исломии Эрон: масъалаи мубориза бо терроризм ва ҳалли ихтилофоти минтақавӣ” суханронӣ мекард гуфт, ки “ДИИШ як лоиҳаи кишварҳои ғарбӣ буда, дар заминаи “Ал-қоида” ва дигар гуруҳҳои террористӣ барои дастёбии онҳо ба захоири бузурги ин минтақа ва дигар аҳдофи геостратегии онҳо роҳандозӣ шудааст”.

Музаффар Олимов, директори маркази тадқиқотии “Шарқ” ҳамчунин дар ин нишаст гуфт, ки ДИИШ думболаи лоиҳаҳои муштаракаи кишварҳои абарқудрати ғарб бо шумули баъзе аз кишварҳои манфиатдори Ховари Миёна аст, ки марҳилаи аввали он дар Афғонистон, кунунияш дар Сурия ва Ироқ ва марҳилаи минбаъдаи он бояд дар Эрон роҳандозӣ шавад: “Бар асоси иттилооте, ки раду бадал мешавад дар Эрон мехоҳанд лоиҳаеро, ки дар Ироқ амалӣ карданд, онро роҳандозӣ намоянд ва агар дар оянда зарур шавад аз минтақа Покистонро маҳор кунанд аз Балуҷистон истифода мешавад”.

Худойбердӣ Холиқназар ҳамчунин гуфт, ки дар Эрон гуруҳҳо ва ҳаракатҳои террористие аз қабили “Ҷундуллоҳ”, “Ҷабҳаи миллии демократии арабҳо дар Аҳвоз” ва “Шаҳидони араб дар Аҳвоз” асосан дар устонҳои Хузистон, Сиистон ва Балуҷистон вуҷуд доранд, ки бо пуштибонии ISI-и Покистон ва ИМА фаъолият мебаранд.

Ҷаноби Холиқназар дар ҳоли ҳозир ДИИШ-ро хатарноктарин падида ба ҷаҳон ва пеш аз ҳама кишварҳои мусалмонӣ донист: “Ташаккули тафаккури такфирӣ дар ДИИШ хатарноктарин падида мебошад. Онҳо тамоми аҳли ташайуъро такфирӣ медонанд. Ҳоло такфириҳо дар Афғонистон ҳам пайдо шудаанд. Аз назари ДИИШ-иён такфириҳо хунашон ҳалол аст. Касоне, ки ҳам сафи ин кишварро тарк мекунанд муртад хонда мешаванд ва хунашон ҳалол аст. Аз назари ДИИШ-иён касоне, ки даъват ДИИШ-иҳо ба онҳо расидаасту онҳо ба сафашон напайвастаанд, онҳоро хавориҷӣ мехонанд”.

Ба ақидаи Худойбердӣ Холиқназар Эрон аз ҷониби баъзе кишварҳои ғарбӣ ҳамчунин дар ташкил ва роҳандозии гуруҳҳои террроистӣ саҳим дониста мешавад.

Ба назари Холиқназар агар ҷомеаи ҷаҳонӣ битавонад бо кӯмакҳои худ гуруҳҳои сунниро ба ҳукумат дар Ироқ ҷалб кунад, мо метавонем шоҳиди як тағйироти усулӣ дар Ховари Миёна шавем.
Мӯҳр
Ҷаҳонзеб
сиёсатшиносу сиёсатмадор хамин бошад вой бар холи чомеа. як гапхое гуфтед устод, ки на танхо гайри илмӣ, балки берун аз акл аст.

Устод Х Холикназарро коршминоси мустакил нагуед ДИРЕКТОРИ МТС назди Президент он кас. Ин нияти бадро ки карда баошад дар хакки эшон

нодон
бародарои азиз, хами мани бесавода хамин калимахоя фахмонда тиетон:,
аҳли ташайуъ?
такфирӣ?
такфириҳо хунашон ҳалол аст?
муртад?
хавориҷӣ?
КАТА РАХМАТ!

танхо ду давлати бузург метавонанд, сари рохи ин терроистони ДИИШ шаванд. ин хам бошад Исроил, Эрон ва Россия. Хам кудрат доранд ва хам тачриба

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)