Бахшҳо
04 июл 2015 09:37Тоҷикистон / Сиёсат

Э. Раҳмон ба Обама: Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Амрико манфиатдор аст!

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома Борак Обама, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо иди миллии кишвараш табрик гуфтааст.

Дар номаи раисҷумҳур, аз ҷумла омадааст, "Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвар – 239-ин солгарди Рузи истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро – қабул фармоед”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз густариши равобити дарозмуддаташ бо ИМА манфиатдор асту ба вазъи он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад: “Боиси хушнудист, ки раванди ҳамкориҳои судманди байни Тоҷикистон ва ИМА имрӯз фарогири бисёр соҳаҳои сиёсӣ, амниятию низомӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ гардидаанд. Дар ин росто ҳамкории пурмаҳсули ҷонибҳоро дар масъалаҳои гуногуни таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ низ хуб арзёбӣ менамоем”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон афзуда, ки мутмаин аст, ҳамёрии Душанбею Вашингтон дар ояндаи наздик ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро фаро хоҳад гирифт: “Ҷониби мо дар ин самт саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод”.

Эмомалӣ Раҳмон дар охир ба раисҷумҳури Амрико сиҳатии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти ин кишвар – пешрафту шукуфоӣ орзӯ кардааст.
Мӯҳр
Илтимос табрикоти самимии маро кабул намоед, хохиш мекунам Обама)

Америка
Хар сол грантхои бебозгашт ки гирифти конечно манфиатдори.....

Ин Амрико дар руят дигар чиз мегуянду аз пасат дигар. ин амрико аз точикистон чи мехохад мо нафт надоремку?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)