Бахшҳо

Танқиди Расулзода аз кундии кор дар таъмири нақби "Истиқлол"

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз рафти корҳои таъмиру бозсозӣ дар нақби “Истиқлол”, ки Душанберо бо Хуҷанд мепайвандад, норозигӣ намудааст.

Сарвазири Тоҷикистон рӯзи 4 июл барои шиносоӣ бо рафти корҳои таъмиру бозсозӣ аз нақби “Истиқлол” боздид карда, раванди иҷрои корҳои сохтмониро кунд хондааст. Ӯ гуфтааст, “дар иҷрои корҳои нақшавӣ саҳлангорӣ низ зоҳир мешавад”.

Расулзода роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистону корхонаҳои тобеи он, мутахассисони ширкатҳои ҳамкор ва масъулини соҳаро барои ташкили кори шабонарўзӣ дар қитъаҳо, дар як вақт ба роҳ мондани корҳои бетонрезӣ, таъмини саривақтии музди маоши кормандон, афзун намудани нерўи корӣ ва техникаю таҷҳизот, беҳдошти шароити барқрасонӣ, вусъати корҳои равшаннамоию ҳавотозакунӣ муваззаф карда, хостааст, корҳои бозсозии нақб босифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда пурра анҷом дода шавад.

Бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кӯмаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳум тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Охири моҳи июни соли равон рафтуо тавассути ин нақб дубора маҳдуд шуда, ҳоло дар асоси созишномаи дуҷониба миёни ҳукумати Тоҷикистону Эрон корҳои бозсозию бастани маҷроҳои об дар мавзеъҳои алоҳида, бетонрезии қабати болоии роҳ, равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ идома дорад.
Мӯҳр
Мухтарам Сарвазир, илтимос, барои назорати ин иншооти стратеги, кадрхои бо ихтисоси баландро аз кадрхои болаекат аз вилояти Сугд чамъ карда ба тонели Истиклол фиристед. акалан барои контрол.

накиб
Ин накб оинаи истиклолият аст.

Панчакенти
Эээ войее!!! Худоее кошки Расулзода Панчакенти мебуду барои модарашро хабаргири рафтан харбор бо ин роху тунел мерафт.....баъд мефахмид ки гап дар кучост.......???? Хаминтавр нее Расулзода!!!!!

ш Душанбе
нақби “Истиқлол” ро харсол таъмир бо маблагхои калони бе сохиб ...ягон бехбуди намешавад .....боз бахамон холаш истодагри мекунанд.... бовар кунед ин ак шармандаги ....

Толиб
Мухтарам Кохир Расулзод ман бо Шумо дар вазорати Мелиоратция кор карда будам ва хамаи хизматхое ки дар вакти рохбариатон дар ин системаи вазорат карда будед хеч гох аз хотири кормандони намебароед дар хар лахза мисоли корхои ичрокардаи Шуморо бо неки ба ёд меорему
мисли Шумо дигар вазире пайдо нашуд ки кори Шуморо давом дихад.
Натичаи бе масъулиятии баъзе вазирон Вазорат бархам шуд.Хамаи ин аз кадрхо вобастаги калон дорад
Сохтмони тунели истиклолро ба дарачаи паст сохтанду баррои чи комиссияи давлати онро кабул кард.Бояд шахсони муттасадиро ба чавобгари кашида шавад.Миллионхо пули давлатро гирифта тунел дар холати садамави аст. Ман бовари дорам ки дар ин се мохе ки тунелро аз нав таъмир мекунанд агар назорати чиддии Шумо набошад кормандони вазорати наклиёт ва маркази Лоиха боз пулхоро обу лой мекунанду холати ин тунел бехбудиро намебинад .Аз Шумо илтимос зери назорати худ гиред, чунки Шумо яке аз бехтарин рохбарон инженери барчастаи точик хастед . Ба Шумо барори кор орзумандам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)