Бахшҳо
06 июл 2015 15:01Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Зиндонӣ кардани шаҳрвандон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон имрӯз, 7 июл зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз афзоши таъини ҷазо барои зиндонӣ сохтани шаҳравандон хабар дод.

Ӯ гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон таъини ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ 42 дарсадро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд мебошад. Ба қавли ҷаноби Муродзода, дар соли сипаришуда, таъини ҷазо барои маҳрум намудан аз озодӣ ба 34 дарсад баробар будааст.

Афзоиши таъини ҷазо ҷиҳати маҳрум сохтан аз озодӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласаи ахири Шӯрои амнитӣ ба масъулини дахлдор ҳушдод дод, зиндонӣ кардани шаҳрвандон коҳиш дода шавад ва бештар ба пешгирии сар задани ҷиноятҳову роҳҳои ислоҳи онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

Бино ба иттилои Дӯстмурод Муродзода, омори ҳукмҳоеро, ки барои маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби судяҳо содир шудаанд, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд: “Мо дар машғулиятҳои семинарии ҳармоҳа бо судяҳо дар ин масъала мунтаззам суҳбатҳо дорем, лекин як чиз аст, яке аз принсипҳои классикии ҳуқуқӣ ҳамин аст, ки ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ ва фардикунонии ҷазо, яъне ҳеҷ кас аз ҷавобгарии ҷиноӣ, агар ҷиноят содир карда бошад, бояд барканор намонад. Он нишондиҳандае, ки аст, гуфта истодем дар хусуси зиёд ё кам шудани шумораи ҳукмҳо ҳамин хел расм шудааст барои то як андоза муайян кардани нишондиҳандаи ҷамъбастии фаъолияти судҳо, лекин дар амал шумо медонед, ба сиёсати башардустӣ гузаронидани қонунгузории ҷиноятӣ дар ду марҳилаи барномаи ислоҳоти судӣ идома дошт ва қисми зиёди ҷиноятҳое, ки дар онҳо маҳруми аз озодӣ пешбинӣ гардида буд, ба ҷазои ҷарима ва дигар намуди ҷазоҳои ба маҳруми аз озодӣ алоқаманд набуда иваз шуданд”.

Раиси Шӯрои адлия гуфт, имсол аз шумораи умумии маҳкумшудаҳо 214 ноболиғ, 412 зан ва 27 нафараш шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Номбурда иброз дошт, дар давоми 6 моҳи аввал як нафар ҳукми якумра гирифтааст ва нисбати 4 нафари дигар ҳукми сафед содир шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)