Муфтӣ: Рамазон имсол аз 29 рӯз иборат аст...
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кард, ки Рамазон имсол аз 29-рӯз иборат аст.
Ин нуктаро Саидмукаррам Абдулқодирзода, имрӯз, 7-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт. Ба қавли Абдулқодирзода, барои муайян кардани санаи дақиқи Иди фитр Маркази исломии кишвар комиссияи вижа ташкил кардааст ва ҳамчунин хулосаи пажуҳишгоҳи Астрофизикаи академияи улуми Тоҷикистонро низ гирифтааст. Ӯ афзуд, рӯзи панҷшанбе - 9 июли соли равон Маркази исломӣ ба таври расмӣ санаи дақиқи Иди фитрро эълон мекунад.
Тибқи изҳороти муфтӣ Рамазон, ки имсол 18-уми июн фаро расид, 16-уми июл поён хоҳад ёфт. Дар назар аст, тоҷикистониён Иди Саиди Фитрро 17-уми июл таҷлил кунанд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |