Бахшҳо
07 июл 2015 11:22Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Танҳо дар 7 рӯзи моҳи июл. 17 нафар ғарқ шудаанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи ду рӯзи ахир 8 ҳодисаи ғарқшавии одамон ба қайд расидааст.

Торнамои расмии ин ниҳод мегӯяд, ҳамаи ҳодисаҳои ғарқшавӣ, ки рӯзҳои 5 ва 6 июл дар кӯлу дарё ва обанборҳои ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайвастааст, оқибатҳои нохуш доштаанд. Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Конибодом ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони ноҳия ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Сир” аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст ва барои дарёфти ҷасади ӯ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд: “Духтарчаи 2-солаи истиқоматкунандаи шаҳри Исфара аз беназоратии волидайнаш ба ҷӯйбори қафои ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст. Марди 45-солаи сокини ноҳияи Рашт ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Сурхоб” ҳудуди ноҳияи мазкур аз беэҳтиётиаш дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади марҳум чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд”.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи дигар дар ноҳияи Рашт рух додааст. Як писарбачаи 11-сола, ҳангоми моҳигирӣ ба дарёи “Сорбоғ” афтида, ҷон медиҳад: “Ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Рашт, донишҷӯ, ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Варзоб”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ аз беэҳтиётиаш дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасад чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд. Ҷавони 18-солаи сокини н. Данғара ҳангоми оббозӣ карданаш дар кӯли ҳудуди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётиаш дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади шаҳрванд чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд”.

Дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, шаҳрванди Ҷумҳурии халқии Хитой, марди 26-сола, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд ҳангоми оббозӣ дар обанбори “Қайроққум” ғарқ шудааст. Як духтарчаи 2-солаи сокини ноҳияи Нуробод ҳангоми бо ҳамроҳии модараш дар лаби дарёчаи “Ҷавҷӣ”-и ноҳия қарор доштан ба дарё афтидааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, танҳо дар рӯзи сеюми июл дар пайи ғарқшавӣ дар қаламрави кишвар нуҳ нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)