Бахшҳо
07 июл 2015 13:53Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Барномаи суғуртавии “Нури умед”

Маркази матбуоти Беморхонаи Ибни Сино

Кӯш, то халқро бакор оӣ,
То ба хулқатҷаҳон биёроӣ.
(Саъдии Шерозӣ)

Бо илҳом аз ин панди шайх Саъдӣ ва ба хотири саҳми бештар гирифтан дар ҳалли масоили иҷтимоии кишварамон, ташкилоти “Суғуртаи миллӣ” тасмим гирифт дар ҳамкорӣ бо Бемористони Ибни Сино барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҳар моҳ як беморро комилан ройгон ҷарроҳӣ бикунад ва илова бар ин, ҳар моҳе ба ду бемортабобати консервативӣ гузаронад. Ин барнома шомили тамоми бахшҳои бемористон: ҷарроҳии умумӣ, урологӣ, кардиологӣ, ҷарроҳии дил, гастроэнтерологӣ, бемориҳои занона, чашмпизишкӣ, гӯшу гулӯву бинӣ, ҷарроҳии мағзу аъсоб, ортопедӣ, гепотологӣ вабахши ҷарроҳиҳои тармимӣ хоҳад буд, яъне ҳармоҳа дар яке аз ин бахшҳо, як бемори камбизоат мавриди ҷарроҳӣва ду бемори дигар мавриди дармон қарор мегирад.

Бо дар назардошти ташкилоти тозатаъсис будани «Суғуртаи миллӣ» ва тавони молии он, шумори ниёзмандони камбизоат, ки ба ҷарроҳӣ ва дармони ройгон фаро гирифта мешаванд, маҳдуд ба се нафар дар як моҳ, яъне солона 36 нафар хоҳад буд, вале ба маҳзи пайдо шудани нафарони саховатманд ва ширкатҳои саҳмгузор, ки майл доранд, дар ин кори хайр саҳм бигиранд, теъдоди бештари маризони мӯҳтоҷфаро гирифта мешаванд. Онҳое, ки мехоҳанд худ ва ё наздиконашон аз тариқи ин барнома аз ҷарроҳӣ ва дармони ройгон баҳравар шаванд, бояд ба талаботи зайл ҷавобгӯ бошанд:
1. Шаҳрванди Тоҷикистон бошанд;
2. Ташхиси бемориашон таъйид шуда бошад;
3. Санади кумитаи ҳифзи иҷтимоии маҳалли сукунаташонро дар мавриди ниёзмандбуданашон пешниҳод кунанд;
4. Табобаташон нақшавӣ бошад, на фаврӣ;
5. Табобат ё ҷарроҳии онҳо аз ҷониби комиссияи табобатии бемористони Ибни Сино таъйид шавад.

Дар наздиташкилот комиссияи махсус, ки аз фаъолони ҷомеа иборат аст, ташкил карда шудааст. Комиссияи мазкур асноди хоҳишмандонро баррасӣнамуда баъданинтихобу пешниҳод мекунад.Бо мақсади шиносоӣ боҷараёни татбиқи барнома ва нигоҳ доштани шаффофияти он, руйхати маризони ниёзманд дар сомонаи интернетии “Суғуртаи миллӣ” мунтазам чоп хоҳад шуд.

Ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» ба ҳамаи шаҳрвандони кишвар тандурустӣ ва хонаободиро таманно дорад!
Мӯҳр
хакикат талх аст
Бехтарин бехтарин! Офарин офарин! Мешудаст ку!!! Кандта зан сугурта милли. Бисер икдоми хуб. Худованд бучаатонро зиеда гардонад. Дастгирии камбизоатон яке аз бехтарин амалхои инсонист. Худованд иншоаллох ачру подоши ин некихоятонро хохад дод.

Кутбиддин
Чаззокаллоху хайран касиро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)