Зевар Давлатзода: Ҷонибдори рақобати эҷодӣ ҳастам
Зевар Давлатзода, директори навтаъини телевизиони “Сафина” имрӯз, 8-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, рақобати эҷодӣ бояд бошад ва ин боис мешавад, ки гуруҳҳои эҷодӣ барномаҳои беҳтарин роҳандозӣ кунанд.
Ӯ иброз дошт, “ман тарафдори рақобати эҷодӣ ҳастам, ин рақобати солим аст. Одам бояд кор кунад, бигузор дигарҳо баҳо диҳанд, ки рақобат аст ё нест ва кӣ дар ин рақобат пешсаф аст, яъне шахси эҷодкор дар ин бора бояд кам фикр кунад”.
Зевар Давлатзода гуфт, дар оянда барномае дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ омода намуда, тавассути он аз зиндагиву фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва дигар паҳлуҳои муҳоҷирати корӣ иттилоъ хоҳанд дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |