Бахшҳо

Ҳалокати Абухолиди Кӯлобӣ -“хабари хуш” аз ДИИШ ба ҳукумати Тоҷикистон

Ҷангиёни тоҷики гуруҳи террористии мавсум ба “Давлати исломӣ” бо пахши як навор дар шабакаи интернет аз кушта шудани шарики фаъолашон - Абухолиди Кӯлобӣ иттилоъ дода, онро “хабари хуш” барои ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд.

Қаҳрамони ин навор, ки рӯзи 8-уми июл ба шабакаи интернет роҳ ёфтааст, аз “шаҳодат”-и Абухолиди Кӯлобӣ иттилоъ дода, афзудааст, ҳукумати Тоҷикистон аз ин хабар хурсанд хоҳад шуд.

Абухолиди Кӯлобӣ ё “Фурқон Фаластин” лақабҳои Нусрат Назаров, сокини 39-солаи Кӯлоб мебошад, ки чандин навораш дар интернет пахш шудаанд. Ба гуфтаи худи Назаров, ҳудуди 1,5 сол пештар ба сафи гуруҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ӯ инчунин бо лақаби “Махсуми Нусрат” маъруф аст ва гӯиё дар Сурия гуруҳи тоҷикони ин ҳаракати террористиро раҳбарӣ мекард. Аммо феълан гуфта мешавад, Абухолиди Кӯлобӣ дар пайи ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ҳалокат расидааст ва мақомоту наздиконаш низ инро тасдиқ кардаанд.

Қаблан дар пайи пайвастани Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон ба ДИИШ овозаҳо паҳн шуданд, ки ҳадафаш ба қатл расондани Абухолиди Кӯлобӣ мебошад.

Ҳалимов дар пайи ин овозаҳо бо пахши як навори видеоӣ алайҳи афроде баромад кард, ки ҳадафи полковникро аз пайвастан ба ДИИШ қатли Нусрат Назиров, раҳбари ҷангҷӯёни тоҷики ДИИШ гуфтаанд.

Дар ин навори 2 дақиқаю 51 сониягӣ, ки шаби 17 ба 18-уми июн дар интернет нашр шуд, Гулмурод Ҳалимов, миёни ду ҷавони дигар қарор дорад ва ибтидо як ҷавони зоҳиран тоҷик бо забони гуфтории шевагӣ ба суҳбат оғоз мекунад. Ба гуфтаи ин ҷавон миёни ҷангиёни ДИИШ овоза паҳн кардаанд, ки гӯиё Ҳалимов барои куштани Фурқон (Нусрат Назаров, сокини 39-солаи Кӯлоб, ки гӯиё роҳбарии ҷангиёни тоҷики ДИИШ-ро ба уҳда дорад) омадааст. Ин ҷавон бо агушт ба Ҳалимов ишора карда мегӯяд, “как будта, генерал барои куштани Фурқон омадааст. Ин ҳама фитна аст...”

Ҳалимов дар идомаи сухани ин ҷавон мегӯяд, Фурқон бародараш аст ва то қиёмат хоҳад монд. Ҳалимов бо ишора ба силоҳ афзуд, агар ба хато нашавад, ба ҷуз кофиру муртад каси дигареро намекушад: “Агар додари ман, акаи ман муртад шавад, ман ӯро сар хоҳам бурид. Ва хоҳам кушт, агар муқобили мо ҷанг кунад”.

Гулмурод Ҳалимов, ки 27-уми май пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ин ниҳод бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) алаҳи Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъ меафзояд, инчунин нисбат ба Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.
Мӯҳр
Кулоби
Нав аз хоб хестед... инро ба гулмурод халимов начаспонида, икрор шавед ки хабарро аз озоди дуздидаед!

АНТИ доиш
Саг борин мурда рафти... angry

Хаааа
Манзилат чазир бод!!!

Дар назди Худован чи Чавоб медодабошад
Барои Хунни Нохак резондааш.
Афсус Човоне,ки. Фирефтаи ингуна Чиходе,ки Чаханам мебарад.
Бедор бояд бошан.....

сино
Ҷояш Ҷаннат бод.

раиса
як бор ба риши ин вахшии сарбур нигох кунед!
магар ба умеди ин "халифат" сохтаниянд? магар у метавонад сарвари умма бошад??
магар у метавонад гамхору парастори ятиму бечора шавад??
якинам ки як харфе аз курону сунна намедонад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)