Парвандаи ҷиноӣ алайҳи хоҳару бародар-кормандони “Ориёнбонк”
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд алайҳи ду корманди “Ориёнбонк”, ки хоҳару бародаранд, бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тавре аз раёсати мазкур хабар доданд, ин хоҳару бародар - Т.З., хазинадори 53-солаи саррофии Бахши “Ориёнбонк” дар ноҳияи Мастчоҳ ва М.А. - корманди 55-солаи ин бахш, тибқи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон -- қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят калон, айбдор мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, хоҳару бародар аз бархе сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо ваъдаи бо фоиз баргардонидан маблағи калон гирифтаанд, аммо пулҳоро бозпас надодаанд. Масъулини Раёсати умури дохилии Суғд афзудаанд, ин ду корманди “Ориёнбонк” аз А.А. - як сокинони Мастчоҳ 1,1 миллион рубли русӣ ва чанд нафари дигар аз 10 то 14 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаанд: “Ҳоло парванда боз шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |