Омодагии ректор зидди ДИИШ: Ҳамаи донишҷӯён кафедраи ҳарбӣ хонанд...
Ҳайдар Одинаев, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз тасмими нави ҳукумат, вазорати мудофиа ва вазорати маорифи кишвар хабар дод, ки тибқи он тамоми донишҷӯёни муассисаи зертобеяш ба таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд.
Одинаев, имрӯз, 9-уми июл, зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар пайи муроҷиати онҳо ба ҳукумат маҳдудияти қабули донишҷӯён ба кафедраи ҳарбӣ лағв гардид. Ӯ афзуд, ба хотири ҳимояи кишвар аз ҳар гуна ҷунбишу гуруҳҳои ифротие, ки имрӯз ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардаанд, ҳамаи донишҷӯёни хоҳишманди донишгоҳ дар соли нави таҳсил ба кафедраи ҳарбӣ ҷалб хоҳанд шуд: “Ин тасмими гирифтаи ҳукумат бисёр саривақтист. Дар ҷаҳони муосир, ки нооромиҳо зиёданд, донишҷӯён ҳадди ақал тирпаронӣ ё ҷамъкунии автоматро ёд гиранд, ганда аст? Ҳадди ақал худашро муҳофизат карда метавонад ку. Аз як тараф толибон аз тараф дигар ҳамаи шумо шоҳидед, ки бархе гуруҳҳо дар ниқоби исломӣ чӣ корҳо карда истодаанд”.
Ректори Донишгоҳи техникӣ дар баробари ин афзуд, ки барои нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротию мазҳабии бегона, бояд донишманду босавод бошанд.
Ӯ дар мавриди барканории омӯзгорони бознишаста аз кор дар муассисаи зертобеяш афзуд, ки “мо ягон омӯзгорро аз кор нарондаем ва нахоҳем ронд. Танҳо аз вазифаашон озод кардему дарсдиҳиашонро манъ накардаем. Онҳое, ки ба нафақа баромадаанд, донише доранд, ки барои омӯзгорони ҷавон ва донишомӯзони мо хеле заруранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |