Бахшҳо
09 июл 2015 18:19Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Академияи илмҳо ҳам рамазони имсоларо 29 рӯз гуфт

Олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар хулосаи илмияшон ба Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рамазони имсоларо 29 рӯз гуфтаанд.

Дар ин бора прзеиденти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ дар нишастии хабарии рӯзи 9-уми июл иттилоъ доданд. Ӯ гуфт дар мавриди баҳси ин ки моҳ кай нав мешавад, мувофиқи ҷадвалҳо ва харитаҳои астрофизикӣ олимони мо ҳузур доштанд ва дар хулосаи илмии худ ба Шӯрои уламои кишвар пешниҳод намуданд, ки имсол рӯзи 17-уми июл, соати 6:24 дақиқаи субҳ дар Тоҷикистон моҳ нав мешавад.

Фарҳод Раҳимӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки “рамазон ҳамчун ҷашни динии мо бар асоси солшумории қамарӣ ҳисоб карда мешавад, ки моҳҳои ин солшуморӣ дар баъзе ҳолатҳои 29,5 рӯз аст ва баъзе моҳҳои дигар 30 рӯз мебошанд”.

Бар асоси гуфтаҳои президенти Академияи илмҳо рӯзи 18-уми июл, яъне рӯзи дуюми моҳи нав моҳтобро дидан ғайриимкон аст, чунки зери соя замин қарор дорад, аммо рӯзи 18-уми июл пеш аз ғуруби офтоб моҳро дар шакли як доси борик бо чашми одӣ низ дидан имкон дорад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки “харитаҳои навшавии моҳ ва тақвимҳое, ки моҳ кай нав мешавад барои садсолаҳои оянда дар шакли китоб нашр шудаанд ва ин баҳси илмии зиёде надорад. Агар касе мехоҳад рӯзи дуюм моҳро бубинад метавонад ба расадхонаҳои “Шарора” ва “Санглох”-и Академияи илмҳо ташриф биоварад”.
Мӯҳр
салом
О чиба пештар надиден? Агар шайхои араб рамазона то 1 август мегуфт ба фикрам шумо хам " ривоят" меефтен))

Выходить мо як рузи Рамазонро хурдем?

Дар дин омад илм исботкард Хак барчост дил карор гирифт эмон зиед шуд!! ОЗОДАГОН КАНИ БИНАМ ОЗОДИЯТРО.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)