Бахшҳо
10 июл 2015 09:08Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Э. Раҳмон аз ҳамтоёнаш даъват кард, ба ҳамлу нақли минтақавӣ монеа эҷод нашавад(АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои БРИКС, СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё масъалаи бӯҳрони озуқаворӣ, энергетикӣ ва молиявию иқтисодиро ба миён гузоштааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилу монеаҳои глобалӣ, ки садди роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мегарданд, ҷалб кардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки монеаи асосӣ дар ин роҳ амиқ рафтани бӯҳрони озуқаворӣ, энергетикӣ, молиявию иқтисодӣ ва ҳамчунин гармшавии иқлими сайёра мебошад. Ӯ бунёди манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла иншооти гидроэнергетикӣ, рушди иқтисоди аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ки маъмулан иқтисоди сабзаш меноманд ва ҳамчунин фаъолияти бемонеаи шабакаҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли миллию минтақавиро аз шартҳои асосии рушди устувори ҷаҳонӣ номидааст.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, ба кишварҳое, ки дастрасии мустақим ба роҳҳои баҳрӣ надоранд, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор басо мушкил аст: “Аз ин хотир, бояд дастгирии кӯшишҳои чунин кишварҳо дар самтҳои бунёди зербинои муосири ҳамлу нақли миллию минтақавӣ, диверсификатсияи иқтисод ва робитаҳои байналмилалӣ бояд аз ҷумлаи афзалиятҳои асосӣ бошанд”.

Мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо” бегоҳи 9 июли соли равон дар шаҳри Уфа баргузор шуда, аввалин мулоқоте буд, ки дар як вақт ва як ҷо сарони давлатҳои аъзои ин 3 созмон гирди ҳам омада буданд.

Ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз, 10 июл дар шаҳри Уфа баргузор мешавад.


Э. Раҳмон аз ҳамтоёнаш даъват кард, ба ҳамлу нақли минтақавӣ монеа эҷод нашавад(АКС)

Э. Раҳмон аз ҳамтоёнаш даъват кард, ба ҳамлу нақли минтақавӣ монеа эҷод нашавад(АКС)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)