Бахшҳо
10 июл 2015 15:39Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Паҳни варақаҳо дар бораи “ДИИШ” ва “исломӣ”-ҳои ватанӣ дар Душанбе

Дар масоҷиди шаҳри Душанбе, имрӯз, 10-уми июл афроди номаълум баъди намози Ҷумъа байни намозгузорон варақаҳои иттилоотӣ алайҳи созмони террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” ва ҳизбҳои “исломӣ”-и ватанӣ паҳн карданд.

Дар сархати ин варақаҳо, ки якеашро хабарнигори “Озодагон” дар масҷиди маҳаллаи “Сариосиё”-и шаҳри Душанбе дарёфт кард, сухани Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон оварда шудааст: “Дини мубини Ислом мардумро ба ваҳдату иттифоқ даъват карда, тафриқаву низоъро мазаммат менамояд ва онро иллати кинаву адоват ва заъфу пойбандии мусалмонон аз дигарон мешуморад”.

Масъулини Маркази исломии Тоҷикистон мегӯянд, ин варақаҳоро онҳо таҳия кардаанд ва афроде, ки дар масоҷид онро паҳн карданд, "волонтёрҳои ин марказанд". Як манбаъ аз ин ниҳод гуфт, ин варақаҳо расмӣ буда, аз ташхиси давлатии диншиносии Кумитаи дини Тоҷикистон низ гузаштааст.

Варақаҳо, ки зери номи “Исломи воқеӣ ва ташкилотҳои терористӣ” паҳн гардидаанд, маълумоти мухтасар дар бораи “корнамоӣ”-ҳои ДИИШ-ро фаро гирифтаанд. Аз ҷумла иттилоъ дода шудааст, ки 18 феврали соли 2015 намояндаи Ироқ дар Созмони милали муттаҳид Муҳаммад –ал Ҳаким изҳор намуд, ки ДИИШ узвҳои дарунии одамонро, аз қабили дилу ҷигару гурда ба фурӯш мебароранд ва аксари вақт узвҳои дарунӣ аз инсон зинда ба зинда гирифта мешаванд: “Шариати исломӣ, аз ҷумла ҳамаи мазҳабҳои аҳли суннат ин амалро ҳаром медонанд. Дар қаламрави ДИИШ расман бозори ғуломфурӯшӣ фаъолият мекунад, ки дар он мусалмонони озод мисли ҳайвон савдо карда мешаванд”.

Таҳиягарони варақа дар қатори “корнамоӣ”-ҳои ДИИШ илова кардаанд, ки 20 январи соли 2015-13 кӯдакро барои тамошои бозии футбол куштанд: “Моҳи феврали соли 2015 китобхонаи марказии шаҳри Мавсул тарконида шуд, ки дар натиҷа беш аз 10 000 китобҳои нодири таърихӣ нобуд гардиданд. ДИИШ дастаҳои ҷангии занонаро ташкил намуда, онҳоро ба минтақаҳои мушкилтарини ҷангӣ равона месозад. Гузашта аз ин пешвоёни ДИИШ кӯдаконро ба куштани маҳбусон маҷбур карда, барои оянда аз онҳо хунхор тайёр мекунанд. 16 декабри соли 2014 -150 зан барои сарпечӣ кардан аз иштирок дар секс-ҷиҳод кушта шуданд”.

Дар варақа таъкид шудааст, ки ДИИШ аз хориҷа идора шуда, аз ҷониби кишварҳои абарқудрат ва бархе кишварҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад: “Аз ҷумла вазири молияи ДИИШ шаҳрванди Австралия мебошад. “Уламо” ва “муфтиён”-и ташкилотҳои террористӣ ин амалро ҳалол эълон кардаанд”.
Дар пайи зикри ин ваҳшоният гуфта шудааст, ки ин ҳама ба Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад: “Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фарози ороми кишвари моро халалдор намоянд, тариқи телевизионҳои моҳвораӣ ва шабакаи интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки ба таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мехоҳанд ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиребанд ва онҳоро муқобили ватану миллати худ барангезанд”.

Таҳиягарони варақа аз мардуми кишвар даъват намудаанд, ки хатои Ироқу Либияро такрор накунанд, балки аз онҳо ибрат гирифта, ба иғвоҳо дода нашаванду атрофи пешвои тоҷикони ҷаҳон-Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошанд: “Мо бояд ҳаминро дарк кунем, ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат роҳандозӣ мешавад, танҳо ба хотири сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осудаҳолии мардум буда, сарвари давлат ҳама чораҳоро меандешад, то Тоҷикистон аз воқеаҳои олами ислом эмин бошад, зеро Эмомалӣ Раҳмон кафили сулҳанд”.


АКС: Паҳни варақаҳо дар бораи “ДИИШ” ва “исломӣ”-ҳои ватанӣ дар Душанбе

АКС: Паҳни варақаҳо дар бораи “ДИИШ” ва “исломӣ”-ҳои ватанӣ дар Душанбе

АКС: Паҳни варақаҳо дар бораи “ДИИШ” ва “исломӣ”-ҳои ватанӣ дар Душанбе
Мӯҳр
Икром
Хайрияте аз хнит ном бурда нашудааст!

Бисёр икдоми хуб. Чавонони точик бояд огох бошанд, ки ин давлати исломи нест балки давлати гуломдори ва бесарусомонист. Ончо чинояткорон чамъ омадаанд.

Усмон
Афсонай бузаки чингилапо кори макомот ва муфти аст ин

АнтиИГИЛ
ali
Барои ту "детский сад" бошад барои мо айни муддаост НЕСТ БОД ДИИШ!!!

иии
хамин гуна амалхои бемаъни баракс ин созмони ифротиро ташфикот мекунад.

искандар
метарсам ки агар хнит баста шавад аъзоенаш вориди дииш мешаванд

пахн кардани чунин варакахо дар дигар минтакахои мамлакат бояд идома дода шавад то ин ки касе бехабар намонад
-мо ба ин гуруххои харобгар нафрат дорем!!!

Професор
Богчаи Кудакон

rahmon
бо ин роҳ мехоҳанд ҳаракатҳои ҳақҷуёна ва адолатхоҳонаи ватаниро хушунатборн нишон диҳанд ва аз зулму истибдоди бархе мансабдорон таваҷҷуҳро дур намоянд. муфтиро мебояд аз ҳаққу ҳуқуқи мазлумон ва мусалмонон дифоъ намояд на баръакс.

шахрванд
Хай ана мо ибрат гирифтему ба дииш напайвастем. шумо кай ибрат мегиред, ки мисли саддому башор асад ба мардум зулм накунед то точикистон пойгохи террористон нашавад.
Ин кори дииш бахонаи зулм кардани шумохо намешавад чанобон! Мехохед намехохед зулм кардед мардум безор мешавад. онхо ба тарафдории дииш не бар зидди зулм мехезан, вале дар ин байн шояд дигарон аз онхо истифода баранд.

ali,
Барои Шумо барин кудакои давраи "Пепси кола" хама чиз "Десткий сад" аст. Барои он ки ту то хол аз детсад набаромадаи. Аммо халки азиятдидаи точик аз дасти ту барин беаклхо миллиардхо бохтаву, садхо хазорон курбон кардаву, садхо хазор кудакон ятиму садхо хазор духтарон бева монданд. Ширмак!!! ДИИШ не, як овози хлопушка бароя, дар чот тар мекуни, лекин дер ки шуд, окибат суд надорад.

искандар,

Ягон чои фикр кардани дигар надорад, ДИИШ ки шудан кир мешаванд, боз хубтар.

Мехостам ба Хукумату КГБ як фикри нав дихам. Ин хайвонсиратонро аз Сурияву ДИИШ баргардонидан кори беаклист. Террорист хеч вакт бошараф нест. Террорист он и в Африке террорист. Хуб мешавад, ки барои рафтани онхо мусоидат кунед. Зеро факат маймуну хару хингала нияти шомил шудан ба ДИИШро дорад. Баъде ки рафтанд, харом мемуранд. Одамони боакл "Хас кам, чахон пок" гуфтаанд !!

икбол
Агар як шахс ас озодии худро талаб намояд дархол мансабдорони мо чанги солхои 90 умро пеши ру меоранд оё ин ачиб нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)