Бахшҳо
10 июл 2015 16:34Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон дар Уфа: Яке аз солҳои оянда “Соли ҷавонон” эълон шавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10 июл дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон аз ҳамтои русаш -- Владимир Путин барои созмон додани ҳамоиши мазкур ва меҳмоннавозияш изҳори сипос кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, бо таваҷҷуҳ ба он ки ҳамоиш дар соли таҷлили 70-солагии Ғалаба бар фашизми ҷаҳонӣ ҷараён дорад, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, “қаҳрамонии онҳое, ки барои Ғалабаи Бузург ҷони худро нисор намудаанд, моро ба ҳушёрию зиракӣ ва таҳкими ягонагӣ барои ҳифзи сулҳу осоиш ва таъмини рушди устувор водор месозад”.

Манбаъ мегӯяд, раисиҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, сулҳ бебаҳост ва вазифаи умумии мо эҳтиёт кардан, нигоҳ доштан ва ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи масъулияти СҲШ ва афзун гардондани саҳми худ дар таъмини осоиш дар сайёра аст.

Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аъзои СҲШ барои дастгирӣ аз номзадии намояндаи Тоҷикистон - Рашид Олимов ба мақоми Котиби генералии ин созмони бонуфуз миннатдорӣ кардааст.

Дар идома ӯ ба раёсати Федератсияи Русия дар ин созмон баҳои баланд дода, ҳамзамон изҳори боварӣ кардааст, раёсати Узбекистон низ давоми як соли оянда муваффақу самарабахш хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш чанд пешниҳод низ кардааст, ки бино ба иттилои дафтари матбуотии ӯ, мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд: “Аз ҷумла таъкид гардид, ки “кор бо ҷавонон ва ба манфиати ҷавонон бояд яке аз афзалиятҳои муҳими СҲШ гардад” ва пешниҳод карда шуд, ки “яке аз солҳои оянда “Соли ҷавонон” эълон шавад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)