Бахшҳо
10 июл 2015 16:44Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Дар Тоҷикистон 18 корхона маҳсулоти “Ҳалол” истеҳсол мекунад

Агентии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, шумори корхонаҳое, ки дар Тоҷикистон маҳсулоти худро бо тамғаи “ҳалол” ба фурӯш мебароранд, ба 18 расидааст.

Ибодулло Қурбониён, раиси Агентии “Тоҷикстандарт” имрӯз, 10 июл дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, соли гузашта ҳамагӣ 16 корхона соҳиби тамғаи “Ҳалол” буд ва ҳоло ин шумора ба ду адад зиёд шудааст.

Ӯ мегӯяд, инчунин барои дарёфти тамғаи “Ҳалол” дар се корхона корҳои сертификаткунонӣ дар арафаи анҷомёбист: “4 корхонаи дигар барои истеҳсол намудани маҳсулот бо тамғаи” ҳалол” ба Агентӣ дархост ворид кардаанд”.

Ба гуфтаи Ибодулло Қурбониён то ҳол ягон ҳолати ғайриқонунӣ истифодаи тамғаи “Ҳалол” дар кишвар ошкор нашудааст.

Бахтиёр Шукуров, раиси пешини агентии “Тоҷикстандарт” низ дар нишасти хабарии як сол пеши ин ниҳод, истифодаи тамғаи “Ҳалол”-ро дар корхонаҳо мусбат хонда, қайд намуда буд, амалӣ намудани тамғаи мазкур дар асоси талаботи шариати исломӣ роҳандозӣ шудааст. Он замон Азалшоҳ Воҳидов, масъули тамғаи “Ҳалол” дар агентии “Тоҷикистандарт” дар суҳбат ба “Озодагон” шарҳ дод, ки 60-70 дарсади талаботи тамғаи “Ҳалол” тибқи шариати исломӣ пешбинӣ шудааст ва масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон зимни санҷиши ин тамға бо кормандони агентӣ дар ҳайати комиссия якҷо кор мебаранд: “Маслан, аз забҳи ҷорво то охир комиссияи махсус ин масъаларо назорат ва мавриди санҷиш қарор медиҳад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)