Бахшҳо
11 июл 2015 10:19Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳабси донишҷӯи тоҷик баъд аз тамрин дар Пешовару бозгашт ба Ватан

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як донишҷӯи тоҷикро, ки соли 2009 бо дастури ҳукумати Тоҷикистон таҳсили диниро дар хориҷ қатъ ва ба Ватан баргашта буд, чаҳор сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Дафтари матбуоти ин додгоҳ гуфтааст, ҳукми 4 соли зиндон алайҳи С.Қ ба хотири шомил шуданаш ба созмонҳои террористии “Ҳизби Исломии Афғонистон” ва гирифтани таълимоти низомӣ дар размоишгоҳи “Шабакаи Ҳақонӣ” дар шаҳри Пешовари Покистон хонда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, С.Қ. моҳи декабри соли 2008 ба сафи “Шабакаи Ҳақонӣ”-и Пешовар шомил шуда, муддати 20 рӯз дар пойгоҳи низомии ин ташкилот таълимоти низомӣ гирифтааст: “Ӯ дар пойгоҳи ташкилоти террористии “Шабакаи Ҳақонӣ” машқҳои ҷисмониву низомиро гузашта, тарзи истифодабарии силоҳҳои оташфишони тапончаи тамғаи “ПМ” ва автомати “Калашников”-ро аз худ намудааст”.

С.Қ. 29 сол дошта, баъд аз гирифтани маълумоти миёна дар мактаби миёнаи №33-и ноҳияи Вахш моҳи январи соли 2007 барои идомаи таҳсил ва гирифтани таълимоти динӣ озими Эрон шуда, баъдан ба шаҳри Пешовар рафтааст. Моҳи октябри соли 2009 баъд аз тамрини низомии 20-рӯза дар Пешовар дубора ба Эрон баргашта, пас аз 1 моҳу 15 рӯз бо супориши ҳукумати Тоҷикистон ба Ватан омадааст: “Ҳангоми омадан ба Ватан ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ мавриди бозпурсӣ қарор додаанд, аммо дар бораи ба пойгоҳҳои низомии ташкилотҳои террористии Пешовар рафтанаш чизе нагуфтааст”.

Дафтари матбуоти Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ афзудааст, ин донишҷӯи тоҷик баъд аз баргашт ва се моҳи иқомат дар Ватан ба хотири пайдо кардани ҷойи кор озими Русия шуда, баъд аз 5 соли муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави ин кишвар тасмим гирифтааст, моҳи июни соли 2015 барои барпо кардани оила ба Ватан баргардад. Санаи 14 марти 2015 кормандони пулис ӯро барои будубоши бидуни қайд боздошт ва ихроҷ кардаанд. Ҳангоми омадан ба Ватану мавриди бозпурсӣ қарор гирифтан иқрор кардааст, дар ташкилотҳои террористӣ дар ҳудуди Покистон иштирок кардааст, аммо ин амал дар пайи нофаҳмиҳо буда, аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймон шудааст.

Аз ин рӯ, додгоҳ ӯро тибқи моддаи 187 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор эълон карда, бо дастрасии моддаи 15 қисми 1 Кодекси ҷиноӣ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 4 (чор) сол ва адо намудани он дар зиндони низомаш пӯрзур равонаи маҳбас кардааст: “Дар асоси моддаи 13 Қонун “дар бораи авф” мӯҳлати ҷазо ду сол кам карда шуд”.
Мӯҳр
али
Боз афсонаи аэ Сурия баргардед авф хохед шудро давом дихед .халки "быдло"бовар хоханд кард

Мардумро ба кор таъмин кунед, имконияи хуби тахсил фарохам оред, ришваюситоию хешутабор бозиро бас кунед, бовар кунед ягон кас ба ончо намеравад, бисёрихо дар Азоби Россия токат накарда пайванди ифротгаро мешавад, Бовар кунед!!! Бас нест халки бечораро фиреб додан ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)