Бахшҳо

Чаро танҳо худро барои хориҷиҳо меороем?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Шояд ҳамагии мо мушоҳида карда бошем, ки чун замоне аз мо кадом кори ноҷӯре сар бизанад ва ё кадом як амали нангин ё хандадоре содир шавад, ба он мекӯшем, ки аз чашми хориҷиҳо дур бимонад. Мо ҳамеша худ ва хонаи худро пардозу ороиш мекунем то беруниён, хориҷиҳо аз дидани он мутанаффир нашаванд, моро айб нагиранд ва беобрӯй нашавем. Агар ин падида фақат марбути иҷтимоъ мебуда чандон ҷойи нигаронӣ надошт, вале акнун, мо, то ҳатто аз нигоҳи сиёсӣ низ талош мекунем, ки барои хориҷиҳо писанд бошем. Вале талоше намебинем, ки бояд ба худ ҳам писанд бошем, барои худ ҳам ба истилоҳ маъқул бишавем.

Аксари ниҳодҳое, ки Муроҷиатномаи ҲНИТ-ро ба ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои посдори сулҳи тоҷикон маҳкум карданд як далелашон ин буд, ки ҲНИТ бо ин изҳороташ моро дар сатҳи байналмилалӣ, пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ беобрӯй мекунад.

Збигнев Бжезинский, назарияпардози маъруфи амрикоӣ навиштааст: “Амрико дар муносибат ба шаҳрвандони худ демократитарин кишвари дунёст, вале дар муносибати ба хориҷиҳо бадтарин кишвар мебошад” (гуфтовард мазмунан нақл шудааст). Ва ҳамин тариқ кишварҳои аврупоӣ ва қисми дигаре аз кишварҳои пешрафтаи Осиё ва Амрикои лотин ҳам.

Аз нигоҳи ҳам сиёсат, ҳам иқтисод ва ҳам ҷомеашиносӣ ҳукумат, давлат вазифадор аст, ки дар қадами нахуст барои шаҳрвандони худ шароити лозимро ба андозаи мумкин фароҳам кунад. Давлат масъулият дорад, ки пештар аз хориҷиҳо худро барои шаҳврандони худ писанд кунад, ҳукумат ҳам дар шароите бақои мавҷудияташ таъмин мегардад, ки агар барои шаҳрвандони худ адолат ва истиқлоли фикру амаларо таъмин намояд.

Ин шакли муносибат хоси давлатҳои худкома ва тотолитарист, ки дар баробари шаҳрвандони худ беадолатӣ, нокороии ниҳодҳоро таҳаммул намуда, ҳамеша талош мекунанд, ки дар чашми созмону ниҳодҳои байналмилалӣ “хубу демократик” бошанд. Вале, дар суннати давлатдории мо ҳам собит шудааст, ки то ҳукумат пеши шаҳрвандони худ муҳтарам набошад наметавонад фаротар аз марзҳои худ обрӯй ва имиҷ дошта бошад.

Дар ҳақиқат низомҳои худкома тамоми муносибати нохубро бо шаҳрвандони худ мекунанд ва шароиту рифоҳро барои шаҳрвандони хориҷӣ мусоид мекунанд. Чунин як низом ҳеч вақт низоми коро ва муваффақ намешавад. Аз нигоҳи ҳуқуқию сиёсӣ низ яке аз пояҳои машруъияти ҳама гуна низоми сиёсӣ ва ё ҳукумат ин нигариши мусбати сокинон, гуруҳҳои бузург ва афкори оммавӣ ба институтҳои ҳокимият, эътироф ва машруъияти онҳо бастагӣ дорад. Балзак гуфта буд, ки “ҳукумате, ки мавриди масхарабозӣ қарор мегирад ба марги худ наздик аст”.

Асоситарин унсури он ки ҳукумат дар ғами шаҳрвандони худ бошад ин таъмини адолат дар ҳақ ва ҳуқуқи онҳо мебошад. Дар як давлати мудерну мутамаддин муҳимтарин шарт барои адолат итминон додани мардум аз муҷозот аст.
Ҳоло, акнун интихоб ба ҳукуматдорон аст, ки бештар шаҳрвандон бояд аз онҳо розӣ бошанд ё хориҷиҳо. Ё адолат ба кадом шева таъмин мешавад?
Мӯҳр
Матн галат, имло галат, иншо галат ва билохира маъни галат. Ин Иршод СУЛАЙМОНӢ кай макола навистанро ёд мегирифта бошад. Кадом максадро хози пайргири карда истоааст ба хонанда маълум нест. О кай ба забони дарии точики Шумо навистанро ёд мегиред ???

Аллоҳ шyмо ва амсоли шyморо ҳамеша аз газанди дyшманони миллатy кишвар емин нигаҳ дорад чyн мисли шyмо баринҳо мардони ҳақгу барои пешрафти миллатy кишвар бисёр зарyр мебошад. Банда гуфтаҳои болои шyморо дар хyнy пyстам еҳсос мекунам чyн дар хориҷамy ҳамчyн хориҷи дар назди миллати бегона ба корy фаолият машғyл мебошам. Айни гуфтаҳои шyморо дар ин кишвар еҳсос мекyнам ва мебинам чиқадар ба ҳаммилати хyд еҳтиром қоил ҳастандy дар аввалин талошашон кyшиш мекунанд то тасҳилотро барои шаҳрванди хyд фароҳам созанд ва хориҷиҳо дар дараҷаи дуввyм қарор доранд агарчи соҳиби илмy маърифат бошанд. Вале афсyс сад афсyс, дар кишвар дар сафоратхонаҳои кишвари азиз чyнин рафторо аз тарафи кормандони давлати мушоҳида намекунем. Ба назари банда, кишварҳое ки давлатмардонашон аз тарафи миллат ба мансабҳои давлати интихоб намешаванд дар тасмимҳои худ низ нисбати миллат ҳамyнгунае амал мекyнанд ки хоҷагони ба қyдрат овардаи онҳо аз онҳо тақозо доранд. Ҳадафи асосии чyнин давлатмардон боқи мондан дар мансабҳои давлати ва хyшy рози нигаҳ доштани хоҷагонашон мебошад. Барои инҳо миллатy кишвар ҳеҷ арзише надорад ва мушоҳида мешавад чyнин раҳбарон ононеро дар гирдy атрофи хyд ҷамъ меоваранд ки аз илмy маърифати комил бархyрдор набошанд ва ба ҳар амрy хyкми онҳо сари тазим фурд оранд. Аз инсонҳои доно, соҳиби илмy маърифат ҳарос доранд чyн инсони бомарифат қабл аз анҷоми ҳар коре сад маротиба фикр мекунад ки корро анҷом диҳад ё на, оё амри раис ба манфиати миллат ва кишвар бошад ё на ва ғайра. Дар охир ба раҳбарони Тоҷикам ҳаминро гуфтани ҳастам ки адлy инсофро пешаи хyд намоедy миллатро дуст бидоред. Агар хоҳони ҳамеша раис бyдани хyдро дар сар мепарваронед дилҳои мардyмро бадаст оред ва ходими аслии миллататон гардед дар ғайри сурат зулмy ситами ва ноадолатии шyмо сабаби парешони миллат ва ҳамчyнин сарнагyнии шyмо хоҳад шyд. Ё Аллоҳ ба миллатам раҳм кунy ба раҳбарон тавфиқи амал насиб гардон. Омин

Юсуф
матлаби хуб аммо сарлавҳа дигар мебуд беҳтар ва ё ҳади ақал калимаи таъкидии "танҳо" баъди "худро" меомад маънияш бо мақола ҳамсон мешуд

Саидбилол
Бале Хак ба Чониби Шумост Бародар Иршод. Мутаассифона дар Хукумати кунунии Точикистон Худнамои , Авторитет ва Бовари доштан дар баробари Кишвархои Хоричи Мухимтар аст аз Обрую Бовари дар назди Халки худ . дахони Халк ро бастану Худ аз номи Халк баромад кардану Тавсиф Кардани Точикистон аз як нигох ба Чахон он хам дар Асри -21 ва асри Интернету Иттилоот хандаовар беш нест .чун аз асли хакикат ва вазъияти даруни хама огоханд .

Хоричихо хам дар ТЧК кор мекунанд хам кайфу сафо мекунанд бо духтарони Точик айшу ишрат карда мегарданд озодона. Барои онхо дискотекаву кулубхову масажхона ва дачахои зебо дар варзоб кушодаги ки омада рохат кунанду боз ба ватанашон рафта накл кунанду клиент зиëд шавад. Ман шахсан шоид хастам ки як афгон мегуяд ки дар ТЧК бо ду хазор долор тамоми айшу ишратро да як мох мекуни, ба мо дубай чи лозим. Рости гап хостам ки як чазош дихам, боз фикр кардам боз хамон точики худам бурда агар конун як ду сол гуфта бошад афгон боз пул медихад 5-6 сол суд мекунанд хай дигар чи мегуй мачбури хап кунию шини дар ватани худат. Чунин хол рафтан гирад бовар кунед шармон меояд дигар ки худамона Точик гирем.

кулябец
Иршод биё бо забони точики навис! Ба Худо хамин маколаат подархаво буда ду се чумлааш маъно дораду тамом.

тарафдор
Иршод бародар! Мардумро мухлиси кудат кардаистодаи бо хакгуихоят. Офарин! Мо тарафдори суханхои ту!!! Баьд як хохиши дигар ки биьр калимахои адабии бада истифода накун ки мардум соз мазмунро намефахманд.

Ман яке аз хонандаи доими Озодагон руй рост мегуям,ки аз дасти бесаводи ин рузноманигор Иршод дигар хондани Озодагонро тарк мекунам шояд ин хухсуси бошад,ки ин бесавод доим аксашро инчо намоиш медихад Иршод ту рав бисёр хон аз руй маколахои дигар кас ру бардор накун........Озодагон чоп кун хохиш мекунам

Мухаммад
Иршод! Хеле маколаи хуб. Косалесон ба мазмунаш натавонистанд эроде расонанд, аз ин ру гуе дар имло хато хаст гуфта сафсата менависанд. Ба фикри ман сабаби беэхтиромии хукуматдорон ба шахрвандони кишвар, аз вобаста набудани интихоби мансабдорон аз мардум аст. Дар кишвархои демократик, ки мансабдор аз раъйи мардум интихобаш вобаста аст, дар хидмати мардум хастанд. Да мо баръакс, мардум гуломи мансабдорост. Е ман нодуруст фикр мекунам????

Даризабон
Мухтарам Галати!
Аввал худатон ба забони модари навиштанро ед гиред. Забони Иршод чаззобии забони точики-дариро пурра сохиб аст. Бубахшед.

Шояд хато кунам аммо имруз дар журналистикаи точик аз огои Сулаймони бакувватар нест. Ду-се косалесе ки ба шахсияти у бо"коммент"-хои бе маънии худ мерасанд, ба чуз аз бахили ва чоплуси хунаре надорад. Онхо то хатто кобиляти хондан ва тахлил кардани маколахои уро надоранд. Ба чуз аз гапхои хушку холии "кай навиштанро ед мегири" ё "ин хам нависанда шуд" дигар аз ин тойфа бахилони босавод чизеро намешунави.
ТАШАККУРИ ЗИЁД БАРОДАР СУЛАЙМОНИ!!!

Ahmad,
ПОСУХ БА ГАЛАТИ:
ХУДАТ КИ ГАЛАТИ ХАМА ЧИРО ГАЛАТ МЕБИНИ!!! ХУДАТРО ИСЛОХ КУН АЙБ ДАР ХУДАТ АСТ.

Балзак
Боракаллоҳ, Иршод Сулаймонӣ, ҳамаи навиштаҳоят баёнгари ҳақиқати Тоҷикистонро нишон медиҳад, зиҳӣ нависандаи боистеъдоди ҷавон, бузурги ба ақл аст, на ба сол, пас аз силсиламақолаҳои солҳои охир навиштаат дар назар чунин метобад, ки Отахон Латифии якруву ҷасуру босавод зинда шуда бошад, услуби нигориши навиштахоят, айнан Латифӣ аст! Тозаэҷодҳои наватонро интизорем, дар саҳнаи матбуоти тоҷик!

Офарин
Барои мақолаи хуб, офарин! Пешниҳод мекунам минбаъд факту, аргумент дар ин мавзуй зиёдтар бошад.

abcd
Бародарони арчманд, масоиле, ки рузноманигори чавон, умедбахш ва мухимтар аз хама донишманд Иршод Сулаймони мавриди барраси дар ВАО карор медиханд марбут ба фазои сиеси, иктисоди, фарханги ва имтимоии мамлакати азизамон - Точикистонанд. Аз ин дидгох, мо мутмаинем, ки бо дарки амику дакик то чое эшон муваффаканд. Агар нафаре хоста бошад ки перомуни андешахои эшон эрод гирад бигузор матлабашро руи когаз орад то ки мо дар мукоиса фикру зикри уро бо мухтавои нигоштаи Иршод Сулаймони бубинему бахо дихем... Хулоса Сулаймони яке аз журналистони барчастаи даврони муосиранд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)