Дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаҳои қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи суғуртаи нафақавии касбӣ», Дар хусуси санади Женевагии Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ ва лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» дар 9 моҳи соли 2011 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Исмоил Талбаков ва вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамроалиев зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дастуру супоришҳо ва тавсияҳое, ки аз тарафи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буданд, арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки ин тағйирот ҳамчунин бо мақсади мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи санадҳои қонунгузорӣ дар доираи стратегияи милли рушди ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 ва ҳамоҳанг сохтани ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ҷиҳати ворид кардан ба ин лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Амиршоева ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов бошанд, роҷеъ ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки мақсади асосии ворид намудани тағйирот ба ин қонун бартараф кардани мухолифатҳои мавҷуда бо қонунгузории ҷорӣ вобаста ба таҳияи механизми самаранокии амали он ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ иборат мебошад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |