Бахшҳо
13 июл 2015 10:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти ҷонибдорони “Ҷундуллоҳ” аз сӯи Оҷонсии зидди фасод

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зери раҳбарии Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон аз боздошти ҷонибдорони Ҳаракати исломии Узбакистон дар шимоли кишвар хабар додааст, ки гӯиё қасди сарнагун кардани ҳокимияти Конситутсионии кишварро доштаанд.

Масъулини Оҷонси зидди фасоди молии кишвар гуфтаанд, кормандони онҳо микрокартаи хотиравӣ бо сабтҳои аудиову видеоии даъвати Муҳаммад Тоҳир, амири Ҳаракати Исломии Узбекистон - “Ҷундуллоҳ”-ро пайдо кардаанд, ки ба Муҳаммадшодӣ Ғафурҷонов, сокини деҳаи Узбекқишлоқи ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов тааллуқ дорад.

Ба иттилои манбаъ, микрокартаи хотиравии мазкур аз манзили истиқоматии Махкамбой Анорқулов, сокин ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ёфт ва мусодира шудааст: “Дар рафти санҷиш муайян гардид, микрокартаи хотиравӣ ба Ғафурҷонов таълуқ дорад. Инчунин маълум шуд, ӯ аз моҳи августи 2014 то инҷониб, бо мақсади барангехтани кинаву адовати динӣ, миллӣ, маҳалгароӣ нажодӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти Конститутсионии Тоҷикистон ва оиди ба амалбарории фаъолияти экстримистӣ, аз сомонаи интернетӣ сабтҳои аудио ва видиоии даъваткунандаи ба ин амалҳо яъне, даъватҳои амир ва дигар аъзоёни Ҳаракати Исломии Узбекистон-“Ҷундуллоҳ”-ро ба даст оварда, пас аз тамошо ва омӯзиши пурраи маълумотҳои ба дастовардааш бо воситаи сомонаи интернетӣ “Содиқлар” тариқи паёми “СМС” ва ба воситаи ҳамдеҳааш бо ном “Урунбек”, ки дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад, бо телефон ҳамсуҳбат шуда, барои амалии мақсадҳои ҷинояткорона роҳу усули ба онҳо ҳамроҳ шуданро ҷустуҷӯ мекард”.

Дафтари матбуоти Оҷонси зидди фасоди молии кишвар Ғафуровро дар даъват ва ҷалби ҷавонон, аз ҷумла Азизҷон Рӯзиев ва Иброҳим Ашарапов ба сафи гуруҳҳои фиротгаро муттаҳам карда, афзудааст, “Рӯзиев ва дигарон маълумотҳои аниқ дар бораи ҷиноятӣ махсусан вазнини тайёршудаистодаро ба даст оварда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар надоданд”.

Манбаъ мегӯяд, кормандони Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар рӯзи 20 майи соли равон аз манзили Ғафурҷонов як адад ноутбуки тамғаи “ACER”-ро мусодира кардаанд, ки дар он сабтҳои видеоии даъват ба ҷиҳод, барангехтани кинаву адовати динӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин ва бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти Кониститутсионии Тоҷикистон мавҷуд аст: “Ҳоло Ғафурҷонов бар асоси моддаҳои 189 қисми 1 ва 307 қисми 2 банди “г”-и Кодекси ҷиноӣ ва алайҳи Рӯзиев ва дигарон бо моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад”.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар таъкид кардааст, ин ниҳод натанҳо дар самти мубориза бо коррупсия, балки зидди терроризму ифротгароӣ ҳам мубориза мебарад.
Мӯҳр
Ин салохияти иораи амнияти милли аст,на идораи Рустами Имомали. Як нафара боздоштанду мумкин 10 нафари дигарро гурезонданд.Бояд бо кори худ машгул шуд.

Цирк
Наход ягон низому тартиб дар сохторхо набошад??? Касе чи кореро форад кардан мегирад?!! Бояд хар сохтор дар 4хорчубубаи салохият ва вазивааш амал кунад. Чупон чупони ва дехкони дехкониша кнад.

Шаккок
Боке не, агар пагоҳ ин ниҳод фардо аз иҷрои плани ширҷӯшии худ хабар паҳн кунад.
Дар кишваре, ки мақомоти амниятӣ дунболи ришу сатр мегарданд, ҳар гуна кор шуданаш мумкин.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар салоҳияти Кумитаииамнияти миллӣ мебошад. Ҳатто ВКД салоҳият надорад. Жар ҳолати ошкор шудани ҳолатҳои шубҳаноки террористӣ ё экстремистӣ, дигар мақомот бояд қазияро ба Кумитаи амнияти миллӣ супоранд. Ин амалкарди Агентии коррупсия як навъ эътироз ба мақоми зери раҳбарии Ятимов С. С. аст.
Суол инҷост, ки Шӯрои амният куҷоро нигаҳ мекунад? Ин гуна ҳолатҳо бояд зери назорати Шӯрои амният бошанд. Ҷаноби Қаҳорров чӣ мегуфта бошанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)