Бахшҳо
14 июл 2015 10:27---

Ваъдаи қабули донишҷӯёни бештари тоҷик ба донишгоҳи мазоҳиби исломии Эрон

Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон Оятуллоҳ Муҳсин Ароқӣ, дабири Маҷмааи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломиро ба конфаронси мубориза бо ифротгароӣ, ки қарор аст ояндаи наздик дар Душанбе баргузор шавад, даъват кардааст.

Ин даъват дар мулоқоти Эмомзода бо Муҳсин Ароқӣ садо додааст. Бино ба иттилои хабаргузории “Форс”, сафири Тоҷикистон бо таъкид бар ин ки Эрон меҳвари муқобила бо терроризм дар минтақа аст, афзуда, “Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора барои муқобила бо терроризм пешқадам ва пешгом будааст”.

Дипломати тоҷик дар идомаи гуфтугӯ бо Оятуллоҳ Муҳсин Ароқӣ, хостори ҳамкориҳои бештар бо Эрон ба вижа дар заминаи омӯзиши динии донишҷӯёни тоҷик шудааст. Дабири Маҷмааи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ дар навбати худ таъкид кардааст, кишварҳои исломӣ бояд як конфронси доимии сулҳ ташкил диҳанд, то ин конфаронс барои барқарории сулҳ, эҷоди ваҳдат ва фурӯ нишондани танишҳо дар миёни кишварҳои исломӣ талош кунад. Ин мақоми эронӣ гуфтааст, пазириши донишҷӯёни Тоҷикистонро ба донишгоҳи мазоҳиби исломии вобаста ба Маҷмааи ҷаҳонии тақриб афзоиш медиҳад.
Мӯҳр
Салом озоди чаро дар бораи аз вазифа озод шудани Саидмукарам чизе хам наменависед? хохишмандем хакбину хакнавис бошетон боки дар амони худо!

Чаро ба ин охундхои дурӯғини иронӣ, ки миллату кишвари бузурги Иронро тайи 36 соли охир хурду залил ва ба хоки сияҳ кашонидаанд, бовар доред ва пойи сӯҳбати шароратангези ишон менишинед? Миллати ирон аз инҳо сутӯҳ омадаву мо афроди сода таваққӯъе хайр аз инҳо дорем. Пойи инҳоро ба кишвар бояд роҳ надод агар оромиву суботи кишварро мехоҳем. Ирони охундӣ (клерикальный) на меҳвари мубориза бо терроризм, балки маншаъ ва конуни (очаг) ишоъаву густариши терроризм дар минтақаву ҷаҳон аст! Мувозиб бошед, бародарони масъул!

Коршинос
Ин Имомови бо рофизиҳо байъат кард, ки ҷавонони гумроҳи тоҷикро ба таври оммавӣ ба Эрон оварда, лашкари рофизиро барои Тоҷикистон тайёр мекунад. Хатар, хатар, хатар!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)