Бахшҳо

Сардори Хадамот: Ахлотро оварда, ҳасибу катлету шашлик мепазанд (ВИДЕО)

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотӣ аз бевиҷдонии бархе соҳибкорони тоҷик интиқод намуд, ки барои истеъмоли мардум маводи заҳролуду ҳар гуна “ахлот”-ро ворид мекунанд.

Сардори Хадамоти гумрук гуфт, ахиран як соҳибкори инфиродиеро боздошт кардаанд, ки дар ҳуҷҷатҳо глюкоза гуфта, амалан аз Эрон пусти мурғро ворид мекардааст: “Вақте борро кушоданд, 23 тонна пӯсти мурғро дарёфт карданд, ки аз он оби заҳр мечакид. Ин маҳсулот дар он кишварҳо истеъмол намешавад, он ҳамчун ахлот меравад. Аммо бархе соҳибкорони мо онро ворид карда, аз он ҳасиб, як намуди ғизо-киевски катлет ва инчунин “куриний шашлик” мепазанду ба мардум пешниҳод мекунанд”.

Абдуфаттоҳи Ғоиб инчунин “рейд”-и ахири ниҳодашро дар кишвар зикр карда, афзуд, ки бисёри бозичаҳои кӯдакона ба кишвар ғайриқонунӣ ворид мешаванд ва барои ҷилавгирӣ аз ин раванд имконоти ниҳоди зертобеяшро нокифоя хонд. Ӯ аз мардуми кишвар ва намояндагони ВАО даъват кард, ки дар мубориза бо чунин қонуншиканиҳо фаъол бошанд.




Айни видео дар bambuser
Мӯҳр
нана
ин мардуми мо аъзеяшон пул гуфта имонашонро мефурушанд

Дарвеш
Ин сохиб кор сухани Убайдулло Рачабро гишкардаас, ки мегуфт: пусти мург ба дил фойда дорад wink

ш Душанбе
ОФАРИН ....ОФАРИН ана мешудаст ку ....манамин хелора ба делаи чинои кашидан даркор аст...

Сино
Сардорхои пешини гумрук инро наёфтан Фаттох ёфт, офарин!

Маҳз аз ҳамин хотир банда дар ошхонаҳои кӯча чизе истеъмол намекунам. Ин кор нав нест. Солҳост ки ин шуна ҳаромбозӣ идома дорад. Аъмоли шояд аз ин бадаш ҳам бошад. Магар ин ҳаромкориро дар худи ошхона ошкор кардан душвор буд? Агар "маҳсулотатро нишон деҳ!" гӯянд, ҳама чиз маълум мешавад. Ба фикри шумо коргарони Санэпидстансия, Тоҷикстандарт ва дигар ниҳодҳои дахлдор аз кадом даромад соҳиби пулу молу иморатҳои пурдабдаба ва мошинҳои шик мегарданд? Аз рӯпуш кардани ин қабил ҷиноятҳо ба ивази ришваситонӣ!

Иззатбек
Хамкасбони азиз ,ахлот ин ба маънои гух хам истифода мешавад.Пусти мург ахлот не балки пасмонда мешавад.Ахлотро кам ворид мекунанд.Хохед кабул кунед нахохед ихтиёр ба дасти Шумо Дар хамон нишаст банда хам ширкат доштам.

Али аз Кулоб
Мӯхтарам: Абдуфаттоҳ ,ин корупссия не ҷо кор ана ҳамин хел. Ин хел соҳибкор боз аз ҳамон ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон набошад. Барои ҳамин як санҷиш гузаронидан лозим буд. Агар аз ҳамон ҳизб исломи бошад хонааш сухааст,худаш дарак надорад. Ана мебинед,ки ба ҳамин аз ҷониби ташкилотҳои ҳуқуқи чи ҷазо мегиранд.

офарин кормандони гумрук, хамеша чунин кор кунед.

Ба Иззатбек!!! Дар мисоли мазкур, ахлот хеле ба маврид оварда шудааст. Маълум, ки шумо аз он рузноманигороне хастед, ки бояд як чиз гуед дааа... Агагне масъалаи ба мавриду заруриро мардак баровард, боз чи мехохед "Банда" ???? Рохбари гумрук фактхои хуб овардааст... Хаминхел идома дихад бенихояд хуб мешавад. Аммо агар хаминхел идома дихад, неки агар хаму мардаки ахлота меовардаги боз корша идома бта, вой бар холи мо...

Чашми як хело. Нав кушода шудасте нагзтар кор Кунед гушти харам йоги мешад

ЭЭЭ Офарин дилсузи халк будаст ин акам. Кошки хама намуди воридоти ашёи хуроквори хамин хел ташхис мешуд ки Точикстандарт нони хурдани намеёфт. Рахмат А.Гоиб-барори кор.

o1
Иззатбек,
Худат аз афташ аз забони точики хуб огах нести.. аниктараш хайф ки дар кадом вазифае хастию бахри паст задани касе кушиш мекуни... яъне гуфтахои Абдуфатохи Гоибро хатои махз медони... "ахлот" фахмотараш бо забони кучаги "мусор" мешавад, пас ин шахси оли маком бехтарин вожаро мисол оварданд, то ки мо хушёр бошему доне, ки чи истеъмол мекунем....

78
наход ки 24 сол боз"ахлот"шашлик бошад.ин тур одаморо чазо чи бошад.аз ин мебарояд ки пулхои мо барабас рафтаанд да?

Мегум хамин хонаву мошинои пурдабдабаи коргарои гумрук аз пушти хамин ришваситони аз ахлото бошад? Чунки да аэропорт коргарои таможня пула нахални аз киса кофта мегирану ручной клада тафтиш намекунан, барои хамин мегум.

Бечора акаи чанд бор корафтодахо "киевски катлет", шашлико кати зиёфат дода буданд. Рафта кайъ кунед ако. Хайрияти камбагали на шашлик мехурему на катлет. Факат чою чаппоти, картошка, помидор чакка тамом

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)