Бахшҳо

Имзои Э. Раҳмон барои иловапулӣ ба омӯзгорони ҷавони деҳотӣ дар 3 соли аввал

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қарори ҷадиди ҳукуматро имзо кардааст, ки тибқи он аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба омӯзгорони ҷавон дар деҳоти кишвар ба замми маош иловапулӣ пардохт хоҳад шуд.

Тавре манбаи “Озодагон” аз ҳукумат иттилоъ дод, ин қарор бо мақсади ҷалби омӯзгорони ҷавон ба муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумии деҳот, дар пайи баҳси зиёд бо Вазорати молия ба имзо расид. Дар доираи ин қарор барои омӯзгорони то 30-солаи дорои маълумоти касбии омӯзгорӣ, ки дар муассисаҳои таълимии деҳот фаъолият мекунанд, барои ҳар 1 сарборӣ ё худ “ставка” 10 фоиз иловапулӣ пардохт мешавад.

Ҳадаф аз ин қарори ҳукумат баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ва ҳалли норасоии кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таълимии деҳоти Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
Иловапул
Дар хаким хам 10% пулша зиёд мекунанд))))

Ин чи Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон дар дехот омузгорхои чавон 300 сомони маъош мегиранд агар 10% илова пули дихед 30 сомони мешавад. Ба си сомони шумо омузгорхои чавонро хавасманд карданиед. Бисёр хандаовар. Ин хукумат ё вазорати молия майнаи сар кати фикр мекунанд ё .....

Табиби оилавии деха
Хамсолони омузгорамро табрик менамоям. Шояд чунин мехрубонии Чаноби оли нисбати табибони оилавии чавони дехот низ хувайдо мешуд.

Хуршед
ним кадам ба тарафи хуби мешавад ёд мегиред

омузгори бекор
Бисер кори хуб..вале бефоида чунки 80%и омузгорони мактаби мо маьлумоти оли надоранд..аз макомотхои дахлдор илтимос меекунем дар макотиби нохияи Точикобод ва водии Рашт дидан мекардед..мо чандин нафар дорои дипломи д д о д аз Руссия депорт шудаги безор шудем аз бекоргарди..

Акнун омузгорони чавон ба чои 300 сомон 330 сомон маъош мегиранд

5555
Ин ба мисле ки "Пеш набиё нагзат намебинам , дур нарав ки гург мехурата шудасст" бояд ки 50% надбавка мебардоштен.

Бо барои хаминхам бахс шудас барои 30 сомон ё 50 сомон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)