Бахшҳо
14 июл 2015 16:36Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Талаби 6 солу 6 моҳи зиндон барои узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Ҷамолиддин Маҳмудов, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешавад, аз додраси парванда 6 солу 6 моҳи зиндон талаб кардааст.

Зарафо Раҳмонӣ, яке аз вакилони оқои Маҳмудов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Раҷабалӣ Шернаев, айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳии 13 июл дар шаҳри Ҳисор Ҷамолиддин Маҳмудовро бар асоси талаботи қисми 2-и моддаи 195-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон -- нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва бо маслиҳати пешакӣ пинҳон кардани он, айбдор кардааст.

Хонум Раҳмонӣ афзуд, қарор аст, рӯзи 15 ё 16 июли соли равон мурофиаи навбатӣ баргузор шуда, дар он Маҳмудов барои гуфтани ҳарфи ниҳоии худ ба додгоҳ ҳозир шавад.

Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли равон аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт гардид. Ин ниҳод бо нашри изҳороте боздошти ин узви аршади ҲНИТ дар арафаи интихоботи парлумонии кишварро шарҳ дода, гуфт, дар манзили истиқоматии Латиф Сардорови 60-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор ду таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ ёфт ва мусодира кардаанд, ки ба гуфтаи Сардоров ба Ҷамолиддин тааллуқ доштааст.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо нашри изҳороте боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷамолиддин Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот донист ва аз Эмомалӣ Раҳмон хост, “бо дарназардошти нақши шахсии оқои Маҳмудов дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қазияи мазкурро зери назорат бигирад".

13 феврали соли равон Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қарори то ду моҳ дар боздоштгоҳ мондани ӯро содир карда, баъдан ин муҳлатро тамдид кард.

Ҷамолиддин Маҳмудов дар баробари узви Раёсати олии ҲНИТ будан, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон намояндаи ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар буд.
Мӯҳр
Аз Ватан
Ачоиб! "ХНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷамолиддин Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот донист". Дар кадом конун омадааст ки шахси дар оташбаси Точикистон накш дошт хукуки гайриконуни нигох доштани силохро дорад. чиноят содир кардааст чавобашро медихад.

Ин аъзоёни ХНИТ худро мусичаи бегунох метарошанду, боз гуноххои ошкоршудаашонро ба гардан намегиранд.

Баъди чанги шахрванди хама ярокхояшонро супориданду, ХНИТ бошад ба конуни давлат итоат накард окибат хамин.

ШУКРОНА КУНЕД- АЛБАТТА 5 СОЛ МЕГИРАД. ДАР ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИИ СОЛИ 2020 ИШТИРОК МЕКУНАД

Muhojir
АДОЛАТ БА ТАВРИ ФАХШОМЕЗ ЗЕРИ ПО МЕШАВАД . ИНЧОСТ КИ ГАЙР АЗ УМЕД БА ДАРГОХИ ХАК ЧОРАЕ НАМЕМОНАД .

Тапончаи Расулчик кучо шуд милисара тирборон кард дар тунели истиклол.

Муъмин
Худо худ доност! Дар точ,ико як гапай, чох, кан зери чох, ........

Freedom
рондор,
Дуруст гуфтед! Баъзехо хукук доранд ки бо тапонча милисаро тир кушоянд, аммо парванда боз намешавад.
Ин баъзе бесаводхо факат ХНИТ-ро тахкир карданро медонанду халос.

Исмат
Чи даркор буд ҳамин таппончаҳоро нигоҳ доштан? Барои чи вақташ насупорид? Акнун аз ӯ қаҳрамон месозед.

Бо вучуди сатхи сиеси доштани ин парванда.таркиби чиноят мавчуд аст.Ое фахмидани супридан е насупоридани ярокро аз тарафи шахси маълумотдода хамон вактхо мумкин набуд?Акнун факат ба адолати президент ва суд бовар кард!

Холо дар мо мода шудаас дастгир куни хизб ва сиех кардани онхо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)