Бахшҳо

(САДО) Ҳабибулло Воҳидов: “Агар мо мубориза набарем, муқобили мо мубориза мебаранд...”

Ҳабибулло Воҳидов, додситони навтаъини вилояти Суғд рӯзи 13 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфт, дар шаш моҳи ахир 269 ҳолати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистидошта сабти ном шудааст, дар ҳоле, ки ҳамин давраи соли 2014 ҳамагӣ 48 ҳолат ба қайд расида буд.

Ҷаноби Воҳидов афзоиши ҳолатҳои ҷиноятҳои дорои характери террористӣ ва экстремистидоштаро хеле ташвишовар хонда, онро “доғи рӯз” унвон кард. Ӯ гуфт, “агар ин масъаларо мо ташвишовар ҳисоб накунему мо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза набарем, пас муқобили мо мубориза мебаранд. Мо аз ваколатҳои худ истифода бурда, ин масъаларо пайваста дар вохӯриву ҷаласаҳо ва конфронсҳо мавриди муҳокима қарор медиҳем”.

Додситони вилояти Суғд яке аз омилҳои афзоиши ҷиноятҳои мазкурро “таҳсилоти ғайриқонунии динӣ” унвон кард. Ҳабибулло Воҳидов дар идома гуфт, аз моҳи январ то моҳи июни соли равон мақомоти прокуратура ва Раёсати амнияти миллии Суғд нисбати 236 нафар 92 парвандаи ҷиноятии марбут ба терроризм ва экстремизм боз намудаанд. Аз ин шумора 31 парванда алайҳи 136 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст: “Бояд қайд намуд, ки аз ҳисоби ин парвандаҳо 47 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 49 нафар бо моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, оғоз карда шуда, аз он 4 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 4 нафар ба суд ирсол гардида, айбдоршавандагон бо ҳукми суд маҳкум гардидаанд”.

Мӯҳр
шахрванд
ба кору бе кор мардуми бечорая дохили зиндон карда истодаед.аввал худатон ислох шавед

www
мухтарам Вохидов ман нисбати Шумо эхтироми хоса дорам, аммо сабаб ва омилхои чинояткориро пурра тахлил кардан лозим аст. Е ин ки аз курси намонам гуфта гапхои хавои зада истодаед.

99
Ин гуна рафтору сиёсати "хирадмандона"-и ин масӯлони мо ду соли дигар давом кунад, дар Тоҷикистон мардум аз "Бисмилло" гуфтан ҳам мемонанд.
Як мадраса/лисеи ба ном Исломии нимкора буд, онро ҳам бастанд, ҳоло он ки дар замони шуравӣ коммунистон ба ин дараҷа душмани дин набуданд.
Худованд оқибати корро ба хайр анҷомад!

кулябец
Дар бораи худкушихо ва худовезихо чи чорахо дидед? Барои чи махсусан занхо худкуши мекунанд? Ё ин савол хам ифродгарои хаст?

Дар бораи худкушихо ва худовезихо чи чорахо дидед? Барои чи махсусан занхо худкуши мекунанд? Ё ин савол хам ифродгарои хаст?

Душанбе
Ҳамаи ин аз бесару сомони ва беадолати мебошад. Дар Сарконун хондан бе пул,табобат бе пул ин ҳамаш ба пул шудааст. То кай мардумро ба як тароф менигаронед. Қашоқӣ дар кишвар ба ҳисоби миёна агар 35% расида бошад. Инро аз руй чи ҳисоб кадаанд,ки худам сер ман парвои гушна надорам. Сабаби асоси ҳамаи бадбахтиҳо ана ҳамин аст.

Мухтарам Раис Ман хамеша пайгири баромадхои Шумо хастам лекин мутасиффона ба саволи Ман чавоби мухтасар медодед хубтар мешуд Ман тарики приза ба Шумо мурочиат карда будам аризаи марок ба Савридинзода вобаста кардед лекин он кас мушкилии марок ба Назар нагирифтанд аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям ки аризаи маро аз нав санчида хулосаи худро бароред мо бо сабаби он ки хуччатсос ьа хатоги рох додааст ба суд мурочиат карда наметавонем чунки хуччатхои калбаки танхо бо этирози прокурор бекор карда мешад

Раиси мухтарам Ман сокини шахри Исфара чамоати дехоти Навгилем дехаи Шуртанг ба аризаи Ман мутасиффона чавоб каноатманд надодед чунки Ман ба суд мурочиат карда наметавонем хуччатхои калбаки танхо бо этирози прокурор бекор карда мешад барои хамин аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям ки аризаи маро аз нав санчида хулосаи худро бароред

Ман холо дар мухочират карор дорам бо Ман метавонед бо тарики телефон хамсухбат шавед 89629555487

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)