Бахшҳо
14 июл 2015 19:02Тоҷикистон / Сиёсат

Э. Раҳмон тавофуқи Эрон бо кишварҳои 5+1-ро ба Руҳонӣ табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли як нома тавофуқи Эрон бо кишварҳои 5+1-ро ба Ҳасан Руҳонӣ, ҳамтои эрониаш табрик гуфтааст.

Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст, "Ҷаноби Олӣ, бо камоли хушнудӣ ва масаррати фаровон хабари ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи “5+1”-ро дар масоили барномаи ҳастаии Шумо дарёфт намудам”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ин тавофуқро пирӯзии афкори созанда зафари ақлу заковат ва тафаккури инсонӣ хонда, таъкид кардааст: “Он на танҳо ба нафъи Эрони бародар, балки ба манфиати тамоми минтақа аст ва ба мардумони соҳати паҳновари он ва ҳамаи бани Одам зиндагии орому осоишта, пешрафту тараққӣ ва ояндаи хубу осмони беғуборро таъмин мекунад”.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози табрику таҳният ба Руҳонӣ ва мардуми Эрон бо амну амонӣ ва рифоҳу саодат орзу кардааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ бо пахши изҳороте тавофуқи Эрон ва кишварҳои 5+1-ро дастоварди таърихӣ хонда, онро ба ҷонибҳо табрик гуфт.

Дар изҳорот вазорат, аз ҷумла омадааст, “Тоҷикистон тавофуқи Эрон ва кишварҳои 5+1-ро дастоварди таърихӣ ва пирӯзии иқдомҳои хирадмандона ва дипломатияи созандаи Эрон ва ҷонибҳои алоқаманд арзёбӣ мекунад”.

Дар идома гуфта шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали музокироти ҳастаии Эрону шаш қудрати ҷаҳонӣ хушбин буду бовар дошт, “мусоламат, ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва эҳтиром бар ҳуқуқу манофеи ҳамдигар заминаи мустаҳкам ва умедбахш дар ин раванд аст”.

Масъулини вазорат дар ахир ибрози умедворӣ кардаанд, ки тасмимҳои гирифташуда дар пайи музокироти рӯзи 14 июл дар Вена ба рушди беш аз пеши Эрон ва таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда, фасли наверо дар тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ хоҳанд кушод.
Мӯҳр
Зинда бод мардуми Форс! Пешравии Чумхурии Исломии Эрон пешравии тамоми мардуми Форс аст. Аз Форсизабон буданам ифтихор мекунам!!!

Дурандеш
Чавоб ба Перс, мехохам кайд кунам, ки нархи барел нефт 50 $ буд, акнун шояд, ки то 30$ фарояд. Акнун фикр карда хулоса барор ин созишнома барои кадом давлат дар нохунак шарт ва зарур буд? Аникашро гуфта метавонам, ки барои ФР наонкадар.

Ас
Чавоб ба Дурандеш. Якум, тибки ояндабинихои бадтарин вориди бозор шудани Ирон нархи нафтро аз 56 доллари имруз (на 50 доллар) хамаги то ба 45 доллар мерасонад, вале ин хам албатта барои Россия муассир хохад буд. Дуюм ин ки Руссия аз хисоби хамкорихои тичорати бо Ирони аз тахримот озодшуда - дар сохаи фуруши аслиха, технология, сохтани неругоххои атоми, корхонахои муштарак ва хамкорихои дигар зарари мазкурро ба фоида табидл медихад ва хам вобастагияшро аз нафт камтар мекунад - ин фоидаи дучанд мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)