Бахшҳо
15 июл 2015 14:31Тоҷикистон / Видео

Ноиби раиси Кумитаи сохтмон: Нархи хона хеле арзон шудааст (ВИДЕО)

Саидзода Нуралӣ Ғиёс, муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъмориии Тоҷикистон мегӯяд нархи хонаҳои истиқоматӣ дар кишвар арзон шудааст.

Саидзода имрӯз, 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, пештар нархи хона дар Душанбе аз 500 то 1200 доллари амрикоиро барои ҳар метри мураббаъ ташкил медод: “Имрӯз арзиши хонаҳо хеле паст фаромадааст. Аз 450 то 800 доллари амрикоӣ барои ҳар метри мураббаъ аст. Ин ҷо нархҳои бозориянд ва вобаста ба талабот то 1000 доллар сари як метри мураббаъ арзиш доранд”.

Ӯ дар мавриди таъмини хонаҳои навбунёд бо обу барқ изҳор дошт, ки феълан ин биноҳо аз шабакаҳои куҳна таъмин мешаванд: “Ҳозир шабакаҳои пештара тавони таъмини хонаҳои навбунёдро доранд. Аммо гуруҳҳои корӣ фаъолият доранд, бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ ва биноҳо хатҳои навро омода карда истодаанд ва дар оянда биноҳои навбунёд ба хатҳои нав пайваст хоҳанд шуд”.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Кумитаи сохтмон ва меъморӣ тайи шаш моҳи аввали соли равон ба масоҳати умумии 418,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешина 36,2 фоиз зиёд мебошад.


ВИДЕОИ суҳбати Саидзода дар бораи нархи хонаҳо
Мӯҳр
ин бояд 220 доллар бошад вале кумитаи андози мо бошад намешавад

Салом,рафик ноиб!!!
Шумо фикр мекунед ин кахрамонихои Шумокати нарх паст шуд???!!!
Бисёр не,камтарак аз Худо шарм доред,бе ин хам аз бандагонаш шарм намекунед!
Нарх аз хисоби "кризис"паст шуд,холо аз ин хам арзон мешавад,50 доллар мешавад!!!
Мардум пул надоран!!! Талабот нест!!!
Куртаро пушидагиву галстука мондагиву аз худат кахрамон сохтистоди???!!!

ш Дшанбе
Бигзор нархи хонахо баланд бошаду ....хаминхел хонасозии бемаъни дар Маркази шахрамон камтар бошад....аз Кумитаи сохтмон ва меъмориии Тоҷикистон хоиш карда мешавад , ки камтар бо инсоф бошанд .....ва дар кучойки бошад хонахои баландошиёнарро ичозат ба сохтумон надиханд ....дар маркази шахрамон дигар чой нест , ки нафас гирем ..ин чи беадолатист ...Хамин будагиша таъмир кунанд, ба тамоми санаъташ бас будагист..Хонасоз равад аз Чор дарвозаи шахр берун сохтан гирад ...мемонед , ки як нафаси тоза гирем.....РАВЕД ДУШАНБЕ №2 СОЗЕД АЗ ШАХР БЕРУН.....ин сохтумонои наватон багох дарди сар мешавад..дар марказ .БОВАР КУНЕД......

доктори2
дар вилоятхо хонахо созед, ки мардум камтар ба Душанбе раванду хама чо обод шавад

Юрист
Мисле, ки нархи хонаро инхо арзон карда бошанд. ТАВБА ТАВБА. Холи крищис тамом шавад мебинем ку чи хел нархи хонара арзон капида метонед.

Франко- Гарми
Ба ин нарху навотун хонахотун ай худтун. Ба ин нархо свабодно мерам дар Европа хона мехарм. Карочи тч ягон майда чои зиндаги нест ва оянда 1100 соли дигар обод намеша.

Оё дар Точикистон пули милли фаъолият намекунад, ки ин Саидзода шарм надошта, нарххоро бо доллар гуфт, ё мо ягон штати Америка хастем. Озодагон барои чи хамин масъаларо намепурсед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)