Бахшҳо

Тавофуқи “5+1” бо Эрон, нигаронии Нетаняҳу ва умеди нафъи Тоҷикистон аз созиши мазкур

Сайф САФАР

Тавофуқи ҷомеи атомӣ миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, рӯзи 14-уми июл дар шаҳри Веннаи Утриш пас аз ҳалли мавонеъ ва ихтилофи назарҳои ниҳоӣ миёни дипломатҳои ҳозир дар гуфтугӯ, ҳосил шуд. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, дар нишасти хабарии поёни музокирот гуфт, “мо он чиро, ки дунё ба он умед баста буд ба саранҷом расондем”.

Ӯ гуфт: “Имрӯз як рӯзи таърихӣ аст ва барои мо ифтихори бузурге аст, ки эълом кунем ба як тавофуқ расидем. Ҳеч кас тасаввур намекард расидан ба ин тавофуқ осон бошад, тасмимоти таърихсоз ҳеч вақт осон нест. Он чи имрӯз эълом мекунем танҳо як тавофуқ нест, балки як тавофуқи хуб аст, тавофуқи хуб барои ҳамаи тарафҳо ва кулли ҷомеаи байналмилалӣ”.

Дар пайи ин суханронии оқои Зариф ҷонибҳои дигари музокирот низ аз ин тавофуқи қудратҳои ҷаҳон бо Эрон истиқбол карданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, пас аз суханронии Ҷавод Зариф ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Могернӣ, дар гуфтугӯи телевизионӣ гуфт, ки ин тавофуқ тамоми хатти қирмизи моро риоят карда ва тамоми роҳҳои расидан силоҳҳои ҳастаиро баста аст.

Бар бунёди гуфтаҳои раиси ҷумҳури Амрико, Эрон тавофуқ кардааст, ки 98 дарсади ураниуми ғанишудаашро канор хоҳад гузошт ва сӯхти нерӯгоҳҳояшро барои 15 соли оянда аз кишвар хориҷ кунад. Ӯ дар суханрониаш ба он таъкид кард, ки агар Эрон ба тааҳудоташ амал мекунад, таҳримҳояш ҳам ба таври тадриҷӣ аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо лағв хоҳанд шуд. Барак Обама, тавофуқи рузи 14-уми июлро “ҷилавгирӣ аз ҷанги эҳтимолӣ дар Ховари Миёна унвон карда гуфт, “мо бо кишваре бархӯрд мекунем, ки беш аз 25 сол душмани қасамхӯрдаи мо буд”. Аммо, ӯ инчунин таъкид кард, “борҳо ва борҳо ба мардуми Эрон ба рӯшанӣ гуфтам, ки мо омодаи таомул бар асоси эҳтиром бо шумо ҳастем”.

Ба ин тартиб, сиёсатмадороне чун раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, дабири кулли СММ Пан Ги Мун, мудири кулли Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ Юкия Амано, раиси парлумони Аврупо Мартин Шултс ва соири нафарони таъсиргузор дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ аз ин тавофуқ истиқбол карданд.

Дар ин миён, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, кори ҳайати 5+1-ро “ҳамвор кардани роҳи расидан ба терроризм” хонд. Ӯ дар саҳифаи форсии Твиттери худ, ки расонаҳо фаъол шудани онро ба кори музокирот рабт медоданд, навиштааст: “Бо идомаи намоиши созишпазирӣ бо Эрон роҳи расидани Эрон ба бомбаи атомӣ ҳамвор шуда ва миллиардҳо доллар барои терроризм ва таҳоҷум дар ихтиёри эшон қарор мегирад”.

Нахуствазири Исроил дар идома навиштааст, “садҳо миллиард долларе, ки ба сандуқи Эрон ворид хоҳад шуд, барои терроризм ва таҳоҷум ҳазина мешавад, на барои бемористонҳо ва мадорис”. Ин нигаронии нахуствазири Исроил дар ҳолест, ки вазири умури хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф тавофуқи Эронро бо қудратҳои ҷаҳон “шомили гомҳое барои дастрасӣ ба заминаҳои тиҷорат, фанноварӣ ва таъмини энержӣ” эълом кард. Ҷавод Зариф гуфт, “барномаи ҷомеи иқдоми муштараки муштамил бар як матни аслӣ ва 5 пайвасти фаннӣ дар мавриди мавзуоти ҳастаӣ, таҳримҳо, ҳамкориҳои сулҳомез, ҳамкорӣ дар заминаи энержии ҳастаии сулҳомез, таъсиси куммисиюни муштарак ва барномаи иҷроӣ мебошад”.

Ҷавводи Зариф бо зикри ин нукта, ки ин аснод дорои ҷузъиёти дақиқ ва печида аст гуфт, ки наметавонад хулосаи комили онро дар суханрониаш ироа кунад.

Дар мавриди эҷоди ин тавофуқ метавон ба чанд нукта ишора кард. Назари нахустин он аст, ки шояд ҷаҳон дигар аз ҷангу кашмакашҳо хаста шуда бошад ва сиёсатмадорону зимомдорони умур барои авввалин бор, воқеан, ба ин натиҷа расиданд, ки нишастан дар пойи мизи музокирот беҳтарин роҳҳал бошад. Гуфтаҳои вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ, ки пас аз анҷоми кори музокирот ироа кард, дол бар ин андеша мебошад. Ӯ гуфт: “Ман дар ҷавонӣ, баъди донишкада, ба ҷанг рафтам. Ҷанг ҷойе аст, ки он ҷо дипломатия ноком аст. Он ҷо бо худам қарор гузоштам, ки агар корае шудам монеи ҷанг шавам ва акнун чунин кардем”.

Нигари дигар ба ин тавофуқ қудратмандии Эронро дар назари кас барҷаста мекунад. Яъне, рушду тавсеаи назарраси Эрон зери таҳрим, субот ва интиқоли сулҳомези қудрати сиёсӣ дар дохили кишвар Амрико ва мутаҳидони аврупоиашро ба он водошт, ки Эрон кишваре нест, ки метавон бароҳатӣ онро ба хоку хун кашид ё беназмиро ба роҳ андохт.

Ба ҳар ҳол, тавофуқи Эрон бо қудратҳои ҷаҳон намунаи дипломатия беназир дар ҷаҳон аст ва умед бар он дорем, ки ҷонибҳо ба гунаи лозим ва ҳасана пойбандии худро ба он нишон медиҳанд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки Тоҷикистон аз ин созиш ба ҳар навъе, ки бошад нафъ бубинад.
Мӯҳр
Абдулло
Ахбори бемаъни!

ASA
шарм дор аз худо тарс сайфАбдулло,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)