Бахшҳо

ВКД куштори Исматулло аз дасти "ошиқ"-и ҳоҳарашро шарҳ дод

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ҷузъиёти қатли Исматулло Исматовро аз дасти шавҳаршавандаи хоҳараш-Тиллоев Ҷонибек шарҳ додааст.

Ин ниҳод, 16-уми июл бо пахши як изҳорот иддаои наздикони Исматовро, ки гӯиё мақомоти пулис аз хатари сар задани ин куштор огоҳ будаанду чорае наандешиданд, рад кардааст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон -Исматова Мақсуда, Исматова Рузигул, Исматов Исматулло ва Исматов Дилноза, сокинони шаҳри Душанбе, вобаста ба ҷанҷоли рӯзи 9-уми июни соли 2015 байни Исматов Исматулло ва Тиллоев Ҷонибек ба РВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд: “Муроҷиати онҳо рӯзи 11 июни соли 2015 ба қайд гирифта шуда, аз рӯи тобеият барои санҷиш ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шудааст. Мутобиқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», муроҷиатҳои шаҳрвандон дар мӯҳлати то як моҳ аз рӯзи расиданашон, вале муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар давоми 15 рӯз баррасӣ мешаванд”.

Ба иттилои манбаъ муроҷиати шаҳрвандони зикргардида, аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Шоҳмансур мавриди баррасӣ қарор гирифта, санаи 20-уми июни соли равон онҳо ба ШВКД даъват гардида, вобаста ба ҳолати мазкур баёнот додаанд: “Маълум гардид, ки шаҳрванд Тиллоев Ҷонибек моҳи апрели соли 2013 бо хоҳари Исматов Исматулло – Исматова Рузигул фотиҳа шуда бояд хонадор мешуданд, вале аз сабаби муомилаи бад ва дағалгуфторӣ Рузигул намехоҳад бо ӯ оила барпо намояд. Онҳо фотиҳаро мегардонанд. Ҷонибек дар ғазаб шуда, рӯзи 9 июни соли 2015 ба ҷои кори Рузигул омада, ӯро дашномҳои қабеҳ медиҳад. Бинобар ин Рузигул ба бародараш Исматулло занг мезанад. Исматулло ба ҷои кори хоҳараш омада, аз Ҷонибек хоҳиш менамояд, ки ба берун бароянд, зеро ин ҷо корхона асту ин рафтораш хуб нест, вале Ҷонибек ба хоҳиши ӯ эътиборе надода, ӯро лату кӯб намудааст. Бинобар ин, онҳо мехостаанд, ки нисбати шаҳрванд Тиллоев Ҷонибек чораҳои қонунӣ андешида шавад”.

Мақомоти умури дохилӣ афзуд, ки Исматов Исматулло, модару хоҳар ва ҳамсараш зимни муроҷиат ва додани баёнот, оиди он, ки Тиллоев Ҷонибек таҳдиди куштан ва ё сӯиқасд ба куштор карда бошад, ягон сухане нагуфтаанд.

ВКД афзуд, ки муроҷиатро тибқи қонун баррасӣ карда, муайян намудааст, ки байни онҳо хусумати шахсӣ ҷой дошта, дар ҳаракатҳои номбурдагон аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 116 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешавад: “Яъне агар осори ҷиноят боқӣ намонад он гоҳ эксперт ҳолатҳои корро аз рӯи суханони ҷабрдида менависад ва исбот кардани ҷой доштани лату кӯб ба зиммаи мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд мегузарад ва тибқи моддаи 24 қисми 2 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин категорияи ҷиноятҳо бо айбдоркунии хусусӣ дар мақомоти судӣ баррасӣ мегарданд. Бинобар ин аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ба онҳо фаҳмонида дода шудааст, ки ба суд муроҷиат намоянд”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо таассуф илова намудааст, ки худи ҳамон рӯз, 20-уми июн, соати 16:00-дақиқа Тиллоев Ҷонибек ба нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт омада, дар натиҷаи муноқишаи ба миёномода бо корд, 4-маротиба ба қафаси сина, гӯлу ва шиками шаҳрванд Исматов Исматулло зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад: “Дар натиҷа Исматов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Айни замон, аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур нисбати Тиллоев Ҷонибек бо моддаи 104 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.


Акс аз сомонаи "Азия плюс"
Мӯҳр
Пурдил
Ин кормандони ВКД факат аз паси сиёх кардани мусалмонхову хичобдорону ришдоронанд бечорахо! Чи гуна мешавад, ки ба Шумо пеш аз куштор мурочиат мекунанду Шумо чорае намеандешед ва окибат ин мунокиша ба куштор меанчомад?! Бовар кунед агар хамин бечорахо аз пушти ягон намояндаи ХНИТ мурочиат мекарданд барои лату куб барвакт судаш мекарданд агар озори лату куб дар он чабрдида намонда бошадхам! Аз барои Худо кормандони ВКД ва дигар сохторхои кудрати дар фикри ХАЛКИ ТОЧИК БОШЕД! Аз ихтилофдози байни хичобдору бехичоб мусалмону гайримусалмони точик даст кашед!

Дангарчик
Э биеен и чонибека 120 сомони штрафш бкнен чавобш бтен Брава.

фарух
гап сари хичобу сатр намеравад. дар ин чо бемасъулиятии кормандони милитсия меравад. мурочиат оиди мунокиша ворид шудааст. аммо аз беахмиятиву беакли ин чиноят содир шуд. дар макомоти милитсия танхо фикри кисаи худро мекунанд. ба онхо проблемахои мардум ахмияте надорад.

Чалолиддин
дар дунё духтар кам аст, ки барои як нафаре, ки туи бадбахтро намехохад рафта бародари уро корд мезани. Ана акнун дар махбас мешини ва дар орзуи арус пир шуда мебарои. Баъди баромаданат ягон кампир хам туро чун одамкуш намегирад.

Худованд окибати ингуна рафторро дар чумхурии мо ба хайр биорад. О мебахшеду давраи гулодори кайхо аз байн рафтааст. Конунро шумо кисаги эхсос накунед зурхои мухтарам. Унхо нз хакки зиндаги карданро доранд, албатара мисли шумо дар даруни панчара не. Насибат кунад панчараи интихокардагиат

Карим
Акнун ба гуфти шумо барин шахсони масълиятнок бе факту Далел бе муаян кардани холати вокеии кор чи шикояте шуд бурда уро гов суд кардан даркор?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)