Бахшҳо

Протоколи ҷаласаи ҳукумат: “Дастури хавфнок” тасдиқ шуд...(АКС)

Хабаргузории “Озодагон” суратҷаласа, ё худ протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт кард, ки дар инҳисори хабаргузории “Ховар” қарор додани иттилооти расмии кишварро тасдиқ мекунад.

Ин қарор, ки аз ҷониби коршиносони умури ВАО “дастури хавфнок” арзёбӣ шудааст, дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 30-юми июни соли равон қабул гардидааст.

Дар суратҷаласа ё худ протоколи ин маҷлис, зери имзои раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки иттилооти расмӣ ибтидо ба АМИТ “Ховар” ва аз тариқи “Ховар” ба дигар расонаҳо пешниҳод шавад. Дар суратҷаласаи мазкур аз ҷумла гуфта мешавад: “Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Агенти миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, Раёсати илму маърифат минбаъд ҳамаи хабарҳои расмӣ, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, маҷлисҳо, вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳурявӣ ва соҳавии дахлдор ба воистаи АМИТ “Ховар” ба роҳ монда шуда, пас аз он барои пахши барнома ё иттилоот ба дигар васоити ахбори омма аз ҷониби агентӣ фиристода шавад. Иштироки намояндаи ҳатмии “Ховар” дар чорабиниҳои зикргардида дар назар дошта шавад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти далатӣ аз натиҷаи иҷрои супоришҳои протоколи мазкур ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд”.

Ин дар ҳолест Заробиддин Қосимӣ, директори навтаъини хабаргузории давлатии “Ховар” сару садоҳо дар мавриди “дастур” ба муассисаҳои давлатӣ ҷиҳати ироаи иттилоъ танҳо ба ин хабаргузориро дар суҳбати чанд рӯзи пеш бо “Озодагон” бепоя хонд буд.

Заробиддин Қосимӣ директори АМИТ Ховар” дар суҳбати қаблӣ ба “Озодагон” гуфта буд, “ин танҳо як хоҳиши мо ҳаст аз мақомоти давлатӣ, ки ба “Ховар” хабарҳоро пешниҳод кунанд. Ин ки дигар расонаҳои давлатӣ ахбори мақомоти давлатиро аз тариқи “Ховар” бигиранд, дар пешниҳоди мо набуд. Мо хоҳиш кардем, замони пахши ахбор аввал хабарро ба мо бидиҳанд, яъне моро фаромӯш накунанд. Инҷо ягон дастури ҳукумат вуҷуд надорад”.
Судури чунин як дастурро баъзе аз роҳбарони созмонҳои расонаии Тоҷикистон мухолифат ба меъёрҳои Қонуни асосӣ ва маҳрум кардани дигар расонаҳо аз дастрасии баробар ба ахбори расмӣ унвон мекунанд.

Нуриддин Қаршибоев, раис Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ки ин гуна дастурҳои паёмади хубе надоранд: “Баъзе аз масъулон мехоҳанд бо усули куҳна мақоми “Ховар”-ро боло бардоранд, вале ин мухолиф ба қонунгузории кишвар ва хусусан ба Қонуни асосӣ мебошад ва ҳуқуқи дастрасии баробари расонаҳоро ба иттилооти расмӣ поймол мекунад. Мо медонем, ки дар сурати мухолифати асноди зерҳуқуқӣ ба Қонуни асосӣ меъёрҳои Қонуни асосӣ амал мекунанд”.

Ҳамчунин Нуриддин Қаршибоев бар ин назар аст, ки дар ин росто бояд ҷомеаи журналистӣ мавқеи худро рӯшан намоянд, то минбаъд дастрасӣ ба иттилотти расмӣ аз ин ҳам мушкилтар нагардад.

Ҳоло бар асоси ин суратҷаласа дигар сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ низ ба ниҳодҳои зертобеи худ супориш додаанд, то иттилоотро ба расонаҳои дигар, пеш аз ҳама расонаҳои мустақил аз тариқи “Ховар” пешниҳод намоянд.


Протоколи ҷаласаи ҳукумат: “Дастури хавфнок” тасдиқ шуд...(АКС)
Мӯҳр
Ин кор ягон чойи бади надорад. Дар муковимат бо чанги иттиилооти басо мухим аст. Ба рузноманигорон воля дихи хар чиро хоханд чоп кардан мегиранд. Бояд ВАО пеш аз хама амнияти иттилооти ва амнияти миллату давлатро фикр кунад. Ба манфиати чамъият ва миллату давлат бояд нашр кард.

Нигора
Конун боло бошад ё карори хукумат? Дар конуни матбуот омадааст, ки рохбарони вазорату идорахо вазифадоранд, ки хама гуна маълумоти лозимиро ба васоити ахбори омма сарфи назар аз моликияташон бидуни монеа дастрас намоянд. Гузашта аз ин такдири конфронсхои матбуотй чй мешуда бошад? Ин лагади чонкох ба миёни озодии матбуот ва демократия мебошад...

roh gum
Икдоми хубест чун бе хамин протакол хам журналистони мо факат таъриф кардан ро медонанду халос.

Хукукдон
Эрач,Эарҷбой, ин бисёр бад аст, вақте, ки мардум аз иттилооти воқеӣ бехабар мемонанд. Ин нақзи ҳуқуқи шаҳрванд аст. Масалан агар ягон иттилоъи ба ҳукумат номақбул бошад, ҳатман зери парда мемонад ва ин бошад дастрасиро ба иттилооти воқеӣ маҳдуд мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)