Бахшҳо
16 июл 2015 14:47Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Парванда алайҳи мутахассиси заминсоз барои сохтакории қарори раиси шаҳри Хуҷанд

Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти мутахассиси заминсози Корхонаи давлатии фаръии (КДФ) “Сектори истифодаи замини шаҳри Хуҷанд” хабар дод, ки дар сохтакории ҳуҷҷат ва ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин муттаҳам мешавад.

Муҳсинҷон Юсуфов, масъули дафтари матбуоти Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” аз дастгиршуда У.Х., соли таваллудаш 1976 ва сокини шаҳри Хуҷанд номи бурда гуфт, ӯ тайи солҳои 2013-2014 ба ҳайси мутахассиси заминсози КДФ “Сектори истифодаи замини шаҳри Хуҷанд” фаъолият карда, “бо роҳи сохтакорона тайёр намудани қарори раиси шаҳри Хуҷанд” ба одамон қитъаи замин ҷудо мекардааст: “Аз ҷумла
Қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №245, аз 07.03.2013 “Дар бораи додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ”-ро сохтакорӣ намуда, ному насаби шаҳрванд И.Б., соли таваллудаш 1968, бошандаи шаҳри Хуҷандро ба рӯйхати замимашавандагон дароварда, парвандаи заминсозӣ омода кардааст”.


Ҷаноби Юсуфов афзуд, гумонбаршаванда барои гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ба И.Б. мусоидат карда, аз ҳудуди маҳаллаҳои 1, 2 ва 3-юми шаҳри Хуҷанд барои вай ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо намудааст.

Манбаъ мегӯяд, тафтишот то имрӯз наздики 20 ҳолати ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин аз ҷониби гумонбаршударо ошкор кардааст: “Барои ҳар қитъаи замин ӯ 1500 сомонӣ мегирифтааст".

Масъули РУД Суғд мегӯяд, нисбати У.Х. бо моддаи 338, иловаи 1, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаи замин”, парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Бе ном
Охир вай худаш танҳо нест. Ин корро ба роҳбари сардораш кардааст. Охир 1500 сомони ин кам аст ё ки ин барои як сотих бубдагист. Ин замин фурушҳо инро ба монанди маводҳои мухадир дар кишвар ташкил намудаанд. Агар ҳамин тавр рафтан гирад, ҳамаи заминҳро ба савдо дар бозор ташкил мекунанд. Охир замин моликияти истиснои давлат мебошад,чи тавр онро ба савдо мемонанд. Ба онҳо ягон фармон,ва қарорҳои ҳукмумат таъсир намекунад. Дар тақсимоти заминҳои ҷудо намудаи Ҳукумат ҳам аъзоёни комиссияи шаҳри ва ноҳиявӣ як маблағи муайян талаб мекунанд,ки ин аз руйи инсоф нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)