Бахшҳо
16 июл 2015 15:01Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Президент техникаи мавҷударо барои фаъолсозии “Роғун” кофӣ хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 16-уми июл, дар рӯзи дуюми боздидаш аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо кор дар майдончаҳои назоратӣ, нақбҳои нақлиётию сохтмонӣ, коллекторҳои обпарто, толори трансформаторҳо, нақби пиёдагард, толори агрегатҳо ва нақбҳои ноқилгузар шинос шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки шумораи техникаю таҷҳизоти имрӯза барои оғози сохтмони сарбанд ва ба кор даровардани навбати якуми нерӯгоҳ басанда аст: “Зикр карда шуд, ки то 1-уми июли соли 2015 аз мавзеъҳое, ки зери об мемонанд, 30 миллиону 700 ҳазор метри мукааб сангу шағал ба анборҳо дар баландиҳо кашонда, захира карда шудааст ва ин кор бомаром идома дорад”.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шароити фароғатӣ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра пурсон шуда, ба масъулин барои муҳайёсозии беҳтарин шароит супоришҳои иловагӣ дод: “Коргарону мутахассисони нерӯгоҳ изҳор доштанд, ки вусъат бахшидани корҳо дар ин иншоот, иҷрои саривақтии нақшаи тақвимӣ, риояи технологияи иҷрои корҳо, талаботи меъёрҳои амалкунанда ва назорати сифати корҳои сохтмонӣ ҳамеша таҳти назорат қарор доранд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аён гардид, ки корҳо дар ҳама ҷо бо сифати баланди ҷавобгӯй бо стандартҳои байналмилалӣ, тибқи тавсияҳои коршиносони муътабари Бонки ҷаҳонӣ, бо рӯҳияи баланди бунёдкорию созандагии бинокорон идома доранд: “Пас аз анҷоми шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва муҳандисону бинокорони нерӯгоҳи Роғун дар назар аст”.
Мӯҳр
Рогунстрой
Рогун ин Суруши миллати точик аст Ин начоти миллати точик, ин Исмоили Сомонии безабону берухи мост!!! Хар точике катъи назар дар кадом нуктаи олам зиндаги мекунад аз ин пружаи хаётан мухими халки точик химоя накунад шири модари точик бар у халол нест!! Рогун ин зиндасози рухи бузурги гузаштаи пурифтихори мост!!! Ин хамон нук,таест ки тамоми точикони минтакаро дар атрофи худ чамъ хохад овард!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)