Бахшҳо

Интиқоди генерал Абдураҳимов аз хурофот: Яроқ кофта, сатил-сатил қуфл ёфтем

Генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимов, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз хурофотпарастии мардуми кишвар, ки аксарашон мусалмонанд, интиқод намуд.

Генерал Абдураҳимов имрӯз, 16-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бо як супориш кормандони ниҳоди зертобеяш дар дарё яроқ кофта, сатил-сатил қуфлро пайдо намудаанд: “Ба ҷои яроқ мо сатил-сатил қуфли бастагиро гирифтем, ки мардум онҳоро партофтааанд. Вақте онҳоро мебароварданд, нигоҳи мардум ба сӯйи мо аҷиб буд. Баъзеашон мегуфтанд “воҳ ин қуфлҳора гирифтанд, чӣ мешуда бошад”? Қуфлҳои калону хурд зиёд буданд”.

Бо зикри ин қуфлпартоиҳо Абдураҳимов бо таассуф афзуд, ки гирду атрофи дарё ҳама мусалмонҳо зиндагӣ мекунанд.

Интиқоди генерал-полковники тоҷик аз хуруфотпарастӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳолдонҳо қуфл барои фолбину ҷодугарҳо гӯиё як василаи бахткушоию бахтбандӣ ва гарму хунуккунии корафтодагон мебошад ва бо андохтани қуфл ба дарё таъсири сеҳр абадӣ хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол ахиран мақомоти Тоҷикистон тариқи шабакаҳои телевизионии давлатӣ даҳҳо нафарро намоиш доданд, ки гӯиё бо роҳи сеҳру ҷоду қаллобӣ карда, аз корафтодагон инъомҳо мегирифтаанд.
Мӯҳр
К,улфали
Шояд К,улф будагист, на К,уфл

Каду
Ин куфлхо беш аз 80% аз мансабдороне хастанд, ки ба гуфтаи худашон вазифхояшонро куфл мекунанд, ки аз вазифа сабукдуш нашаванд, мусалмонхои бечораро гунахкор накунед. Акаллан як бор рост гуед. Хамин вазирону раисони кумитахо хамин куфлхоро харидаанд. Шояд микдоре аз ин куфлхо аз кормандони кумитаи худатон бошад?!!

Инро мебоист, ки ба навор гирифта дар щамаи каналҳои ТВ нишон медоданд! То мардум бинанд, ки бозори муридону пайравони шайхтемурҳо гарм аст!

Огои генерал охир вакте ки дар давлати мусалмонон масчидхоро бастанд, мадрасахоро бастанд, то 18 сола масчидравиро манъ кунанд, ин мардум албатта ба хуруфот даст мезананд. Дар мохи Рамазон хама пивахуриву фолбинрави. Боз шумо хайрон мешавед. Агар худро мусалмон хонед пас чаро зидди риштарошиву хичобкашихо сухан намезанед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)