Бахшҳо
16 июл 2015 16:57Тоҷикистон / Сиёсат

Сафири ИМА: Мехоҳам Кабирӣ баргардаду ҲНИТ озодона фаъолият кунад

Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумат бояд ба ҲНИТ имконияти фаъолияти озодро диҳад ва таъкид намуд, ки яке аз роҳҳои таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон таъмини шароит барои фаъолиятҳои озоди диниву сиёсӣ мебошад.

Эллиотт ин нуктаро имрӯз, 16-уми июл зимни мулоқот бо хабарнигорон дар посух ба суол дар бораи муроҷиати ҲНИТ ба созмонҳои ҷаҳонӣ изҳор дошт.

Сафири ИМА дар мавриди раиси ҲНИТ, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад, афзуд, “ман дар мавриди сарнавишти раиси ҲНИТ чизе гуфтан наметавонам, ки ӯ берун аз Тоҷикистон чӣ нақшаҳое дорад, вале ман ин шахсро бисёр хуб мешиносам ва орзу дорам, ки зудтар ба Тоҷикистон баргардад”.

Сюзан Эллиотт ҳамчунин гуфт, ки “албатта наметавонам ба овозаҳо такя кунам, вале метавонам гуфт, ки ҳукумати ИМА аз ҳамаи ҳизбҳо ва фаъолияти онҳо дастгирӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки бояд ба ҳар як ҳизб имконият дода шавад, то ҳар шахс битавонад дар фаъолиятҳои аҳзоб ширкат кунад. Ин аз масоиле аст, ки мо доим бо ҳамкоронамон аз Ҳукумати Тоҷикистон онро баррасӣ мекунем. Мо доим таъкид мекунем, ки яке аз роҳҳои беҳтарини таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон додани имконияти фаъолиятҳои озоди динӣ ва сиёсӣ аст”.

Ба назари Сюзан Эллиотт “барои ҲНИТ бояд имконият дода шавад, ки дар оянда фаъолияти худро озодона идома диҳад. Танҳо ин метавонад, ки ба Тоҷикистон сулҳу субот биоварад. Чунин муносибат, на танҳо дар баробари ҲНИТ, балки дар баробари ҳамаи ҳизбҳои Тоҷикистон бояд роҳандозӣ шавад”.
Мӯҳр
Точик
Сафир чаро ба корхои дохилии мо дахолат мекунад? Акнун тасаввур кунед, ки сафири мо ба хукумати Амрико маслихату пешниход кунад оид ба масъалахои дохилии ин кишвари террорист. Ироку Сирияву Либияву Афгонистонро ба чи хол овардед бо дахолататон? Миллионхо нафар куштаву даххо миллион гуреза шуданд. Ин аст натичаи кори шумо.

Ардашер аз Душанбе
хонум Эллиот шумо бисёр чизхо мехохед.....лекин барои чи дигар хизбхо дар амрикои "Демократи" нестанд факат 2 хизб шумо ороми точикистонро хохед ба кори худатон расидаги кунед бехтар аст

Мухаммад
Дар матбуот барои фиреби мардум хамин тавр мегуянд, аммо дар танхои "хубашон кардед, тезтар бибандед, аз танкидхои мо норохат нашавед" мегуянд. Хукумати Точикистон бе ичозати Америка, Русия ва Хитой ягон кор намекунад.

Гуломон
Бар озодагон.......................чи коментарихоро чоп намекунед? шумо хам чи аз амрико маблаггузори м ешавед....эй вой бар холатон...ах.....

ХОНУМА СЮЗАН ЭЛИОТ ман суханхои Шуморо тарафдори мекунам. Бояд дар хар як кишвари демократи хизбу харакатхо озодона фаъолият кунанд. Хизби коммунисти бояд дар Амрико озодона фаъолият мекард аммо афсус ки дар ватани демократия озоди неcт афсус. Хизби Коммунистии Амрико ту кучо шудиии вой дод ээээ кани демократия.

салом сад афсус ки Америко давлати мусульмони нест аммо ба ин нигох накарда ба хукуматеки
ахолиаш 99% мусульмон аст мегуяд Дар точикистон бояд. ХНИ амал кунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)