Бахшҳо

Беш аз 6 миллион сомонӣ ба шаҳрвандон қарзи имтиёзнок пешниҳод гардидааст

Дар заминаи нишондодҳои барномаи вижа аз ҳисоби маблағҳои бозгаштӣ ва дороиҳои ба ин самт ҷудогардида ба 2505 нафар шаҳрвандони бекор дар ҳаҷми 6.422.437 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пардохт гардид.


Тавре ба “Озодагон” аз агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат хабар доданд, ин нишондод қиёс ба ҳамин давраи соли 2010 мутаносибан  995 нафар ва 2.675.489 сомонӣ  зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби раёсат ва шӯъбаҳои агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ВМКБ ба 547 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 1.150.785 сомонӣ, вилояти Суғд ба 615 нафар дар ҳаҷми 1.458.100 сомонӣ, вилояти Хатлон ба 626 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи  1.618.738 сомонӣ, шаҳри Душанбе ба 123 нафар ба маблағӣ 493.450 сомонӣ, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 594 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 1.701.364 сомонӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ қарзҳои хурди  имтиёзнок доданд.

Манбаъ афзуд, самти фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор дар ҷумҳурӣ асосан ба соҳаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ равона гардидааст. Тайи давраи ҳисоботӣ барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 1230 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 3.318.683 сомонӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ба 851 нафар шахсони бекор ба андозаи 1.892.639 сомонӣ ва фаъолияти хизматрасонӣ  ба аҳолӣ бошад  ба 424  нафар шаҳрвандони бекор дар ҳаҷми 1.211.115 сомонӣ қарзҳои хурди имтиёзнок пардохт гардидааст.  {jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)