Бахшҳо

Директори “Тоҷик Эйр”: Хатсайри Душанбе-Хоруғ “вазнинтарин дар ҷаҳон” аст (ВИДЕО)

Файзулло Сатторов, директори парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр”, хатсайри Душанбе-Хоруғро “вазнинтарин дар ҷаҳон” унвон карда, афзуд, ки ширкат аз нигоҳи молӣ аз ин хатсайр танҳо зарар мебинад.

Сатторов, имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, хатсайри Душанбе-Хоруғ давоми ду ҳафтаи охир аз мавзӯҳои меҳварӣ дар ҷаласаи “Тоҷик Эйр” мебошад: “Бо вуҷуди зараровар будани хатсайр роҳбарияти “Тоҷик-Эйр” ягон фикри гирифтани даромад аз ин парвозҳоро надорад. Мо талош мекунем, ки парвозҳо ҳар чӣ бештар анҷом дода шаванду мушкили мусофирон ҳал гардад. Аммо онҳое, ки фикр мекунанд, мо метавонем тамоми сол аз рӯи ин масир парвозҳо анҷом диҳем, хато мекунанд. Парвоз дар ин хатсайр вазнинтарин дар ҷаҳон аст. Чунин хатсайр дуто буд, яке дар Канада, ки онро барҳам доданд. Дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин масир ягон таҷҳизот нест ва халабонҳо аз рӯи диди озод аз рӯи таҷҳизоти ҳавопаймо парвоз мекунанд. Дар ин масир ягон таҷҳизот насб нашудааст. Агар як миқдор абр пайдо шавад, ягон кас аз рӯи меъёрҳои амниятӣ ҳуқуқи иҷозаи парвозро надорад”.

Директори парвозҳои “Тоҷик Эйр” афзуд, ки баъди пош хӯрдани шӯравӣ дар самти Хоруғ ба мушкили дарёфти ҳавопаймо низ дучор шудаанд: “Ду ҳавопаймои Ан-28 дорем, ки иҷозаи парвоз дар ин хатсайрро доранд. Дигар ҳавопаймоҳоро истифода бурда наметавонем. Барои гирифтани иҷозаи парвоз дар ин хатсайр барои дигар ҳавопаймоҳо маъмурияти ҳавопаймоии Тоҷикистон бо МАК бояд нақшаи парвозу нишасти тайёраҳоро дар Хоруғ таҳия кунанд. Нақша бояд тавре роҳандозӣ шавад, ки агар яке муҳаррикҳо аз кор монад, халабонҳо бо як муҳаррик тавонанд ҳавопайморо фуруд оранд. Дар масири Хоруғ ягон ҷое нест, дар чунин ҳолатҳо ҳавопаймо фуруд ояд. Дар хатсайр ҳавопаймо қариб 5-6 бор хатти сарҳадро убур мекунад. Ман худам халабонам ва зиёд ба Хоруғ парвоз кардаам. Мақсад танҳо амнияти мусофирон аст”.

Файзулло Сатторов афзуд, мушкилот дар хатсайри Хоруғ-Душанбе шояд дар солҳои оянда, баъди он, ки дар ин хатсайр ягон “датчик”-ҳо насб карда шаванд, ҳал мегарданд. Ба гуфтаи ӯ танҳо дар сурати насби “датчик”-ҳо ширкат метавонад, новобаста аз боду ҳаво ба Хоруғ парвоз анҷом диҳад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран як гуруҳ сокинони Бадахшон бо як муроҷиатнома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостанд, ки мушкилот дар ин масирро ҳал кунад, зеро барои дарёфти як чипта мусофирон ҳафтаҳо дар навбат меистанд.


ВИДЕОИ СУҲБАТИ САТТОРОВ ДАР БОРАИ ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ХОРУҒ
Мӯҳр
Лётчик-ро "Халабон" тарчума кардед, хайр "датчик"-ро низ тарчумаша ёбед.

Мухтарам Файзулло Сатторов агар дар Хоруг бинобар душворихои хатсайр хавопаймохоро фиристонидан наметавонед. Дар чануби Хоруг 110 км. Ишкошим метавонед ин корро ба осони анчом дихед. Барои чи ин вариантро дида намебароед. Агар точикэйр аз ухда набарояд, ба ширкатхои хоричи ичозат дихед, то рейсхои транзити баркарор кунанд ва талаботи мардумро бидуни ягон бахона халу фасл кунанд. Фурудгох ва фазои бози ин минтака чавобгу хаст. Факат бояд маводи сухти онро таъмин кунед ва аз ин хисоб хам метавонед фоида ба даст оред. Ширкатхои давлатхои хамсояи Покистон, Малазия, Хиндустон барои дорои хар навъ хавопаймохо буда, барои рейсхои транзити фурудгоххои резерви эхтиёч доранд.

........."мушкилот дар хатсайри Хоруғ-Душанбе шояд дар солҳои оянда, баъди он, ки дар ин хатсайр ягон “датчик”-ҳо насб карда шаванд, ҳал мегарданд. Ба гуфтаи ӯ танҳо дар сурати насби “датчик”-ҳо ширкат метавонад, новобаста аз боду ҳаво ба Хоруғ парвоз анҷом диҳад" .
Акнун инаш маълум гардид, фақат муайян кардан даркор насби ин “датчик”-ҳо вазифаи кист?

Маълум аст, ки дар мамлакат имконияти халли ин масъала вучуд нест. Барои хамин ташкилоти AKDN 2-3 сол пеш пруджаи азнавсозии фурудгохи Хоруг ва ба тахчизоту таёрахои хозиразамон таъмин намудани он ба Хукумати мамлакат мурочиат намуд. Чаро ин барнома тасдик нагардид? Ба фикрам холо хам дер нест, ин масъаларо ба ташкилотхои байналмилали хавола кардан мувофики максад аст. Монед онхо зарар бинанд...

Тарчумаи датчик санчанда

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)