Бахшҳо
21 июл 2015 09:13Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳалокати 7 нафар дар пайи селфароӣ ва муроҷиати ҳукумат ба ҷаҳониён

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи зери сел мондани мошини Старекс дар ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ 5 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Сокинони ноҳияи Ванҷ ба “Озодагон” изҳор доштанд, дар старексе, ки миёни деҳаҳои Бунай ва Рави ноҳияи Ванҷ зери сел мондааст, 5 нафар ҷон додаанд, ки феълан ҷасади ҳамаашон ба наздиконашон супорида шудаанд.

Инчунин Ситоди ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ванҷ аз масдуд будани роҳи Душанбе-Хоруғ хабар дода, афзуд, ки ҳангоми корҳои барқарорсозӣ дар мавзеи Даштаки Ванҷ бегоҳи 20-уми июл дубора сел фаромад, ки дар натиҷа як роҳсоз ба ҳалокат расидааст: “Нахуст соати 11-и 20-уми июл дар километри 450-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе, дар мавзеи Даштак сел фаромада як пулро пурра хароб кард. Ҳангоми иҷрои корҳои барқарорсозӣ дар ин ҷо соати 19-и бегоҳ дубора сел фаромада, пули муваққатиро пурра вайрон ва ду адад техникаи роҳсозиро худ бурд. Дар натиҷа ронандаи яке аз ин мошинҳои роҳсозӣ низ ба ҳалокат расид”.

Ба иттилои масъулин феълан оби дарё дар ноҳияи Ванҷ аз меъёр зиёд шуда, ба беш аз 50 хонаи истиқоматӣ таҳдид мекунад. Манобеи “Озодагон” мегӯянд, селфароии 20-уми июл дар ноҳияи Рашт низ боиси ҳалокати як ҷавони 28-сола ва хисороти зиёди моддӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон хисороти офатҳои ахири табииро дар кишвар беш аз 50 миллион доллар ҳисоб карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон кӯмак кунанд. Чунин дархостро Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон 20-уми июл дар мулоқот бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе баён кардааст. Сарвазири Тоҷикистон гуфтааст, бар асари офатҳои табиии рўзҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷу Дарвоз ва Рўшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Мастчоҳи Кўҳӣ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд, Панҷ, Ҳамадонӣ, Бохтар ва Ҷилликули вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои гурўҳи минтақаи Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шумораи зиёди манзилҳои истиқоматӣ, роҳу купрукҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти таъиноти гуногун хароб гардида, мушкилоти зиёде пешорў гузоштаанд: "Намояндагии корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мадарасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар навбати худ барои иштирок дар раванди барқарорсозӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон омодагию ҳавасмандии худро изҳор намуданд”.
Мӯҳр
Бахонаи хубе боз барои пурсидани кумак пайдо шуд. кумакхо албатта мешаванд, вале на хама кумакхо то осебдидагон мерасад

Капитан
Худоё моро аз офатхо нигах дор! Мо хато кардем, ки бо дини ту мубориза бурдем, хичоби занхоро кашидем, ришхои муборакро тарошидем ва дигар конунхои ночо баровардем, моро бубахш!!!

Али
Чанде пештар нисфи Грузияро сел хароб кард, хатто хайвонхои вахши аз зоопарк баромада гурехтанд, бо кувваи худашон тартибот чори карданд, ташкилотхои хоричи хостанд довталабона кумак кунанд, хукумати Гурчистон изхор дошт, ки мо ба кумак ниёз надорем ва бо кувваи худамон харобахои офати табииро баркарор мекунем, дируз нисфи Техрон ва остони Албурзи Эронро сел хароб кард, вазири кишвараш эълон кард, ки чандон гапе нест , давлати Эрон кудрати таъмир ва тармимро дорад ва мардум набояд хаста шавад.

Чупон,
Чупон бародар рав хамон баррабонита кун. Наход дар хамин лахзаи хассос, ки хама дар харакати кумаканд, ту гаразхои шахсии худро пеша куни.
ин хели бадашам не да..

мухлис
Хайру саховат кам ки хаст натичаш хамин аст, асосаш ин ки ХУКУМАТ бояд онеро ки ОЛЛОХ ФАРЗ ГАРДОНДАСТ МУКОБИЛ НАБАРОЯНД баракс шароит фарохам оранд, бад мушохида кунед, бинед ки чунин холатхо мешавад ё не АЛБАТА НЕ!

devloh
Ба надикону азизони кушташудагони офати табии дар хамаи гушахои кишвар аз даргохи Худованд сабри чамил мехохам. Парвардигор хамаи онхоеро ки чони худро аз даст додаанд, биомурзад.

Как всегда страна гастарбайтеров, и страна попрошайка)))) позор!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)