Бахшҳо
21 июл 2015 15:06Тоҷикистон / Акс

Гузориши аксӣ аз сели маргбор дар Рашт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, шоми 20-уми июл дар пайи фаромадани сел ва боришоти зиёд дар ноҳияи Рашт беш аз 150 хоҷагӣ зарар дида, як ҷавони 28-сола ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод 20 июл тақрибан соати 17.30 дар ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, деҳаи Панбуни минтақаи Рашт ярч пеши дарёи Камаровро банд кард, ки дар натиҷа 6 хонаи истиқоматӣ қисман, 2 оғилхона пурра, 10 км роҳи байни деҳа, 2 кӯпруки одамгузар, 1 кӯпруки мошингузар, 2 осиёб ва 1 истироҳатгоҳи шахсӣ пурра вайрон гардид: “Инчунин бар асари боришот дар ҷамоати деҳоти Навдӣ, деҳаи Бедак зиёда аз 50 хоҷагӣ пурра, 100 хоҷагӣ қисман зарар дида, инчунин шаҳрванд Мунаваршоҳ Сироҷов, маъюби гурӯҳи 1, истиқоматкунандаи деҳаи Бедак, соли таваллудаш 1987 ҳалок гардид”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода афзуд, ки дар деҳаи Қарасойи ҷамоати деҳоти Кашшот бар асари боришоти сахти кӯтоҳмуддат аз ду тарафи деҳа сел фаромада, дар натиҷа заминҳои кишт зарар диданд: “Дар деҳаи Октангии ҷамоати деҳоти Шаҳристони вилояти Суғд бар асари боришоти зиёд 200 метр роҳи мошингарди деҳа банд гардида, 1 гектар замини гандум, 0,5 гектар картошка, 50 сафеддор, 500 чорвои майда нобуд гардидаст”.


Гузориши аксӣ аз сели маргбор дар Рашт

Гузориши аксӣ аз сели маргбор дар Рашт

Гузориши аксӣ аз сели маргбор дар Рашт

Гузориши аксӣ аз сели маргбор дар Рашт

Гузориши аксӣ аз сели маргбор дар Рашт

Гузориши аксӣ аз сели маргбор дар Рашт

Гузориши аксӣ аз сели маргбор дар Рашт

Гузориши аксӣ аз сели маргбор дар Рашт

Гузориши аксӣ аз сели маргбор дар Рашт

Гузориши аксӣ аз сели маргбор дар Рашт
Мӯҳр
Асалому алаикум бародарон ва хохарони азиз! Дар нохияаи Рашт дар кишлоки Бедак Сели омада боиси харобихои зиёди моливу моди ва хато чонихам шуд. Акнун мебинем ки аз тарафи Хукумат мисли Хатлону (Дангара) -Бадахшон чорачуи мекунад. Соли гузашта Дар нохичаи Рашт дар чамоати Нусратуло Махсум сел омада буд хеч чорачуи аз ягон тараф накардан. Фкат Ваъдаи Дуруг шуду халос то имруз. Саломат бошед !!!

Масъалаи таксими заминхоро хукуматхои махал дар чойхояш ба бизнеси хукумати ташкил дода мардумро дар чоихои сел меомадаги замин дода даромад мегиранд. Ягонтаи онхо окибати ин бизнеси заминфурушии худро фикр намекунанд ва ана хамин натичаи баднафси ва куркурона коркунии онхо мебошад, ки на теппа монду на гору пушта.

Бародар, чаро аз пода пеш чанг мекуни? Хукумат бе таънаи туям сарвазира равон кардаст ба Рашт. Шину токат кун. Мегуи,Худо гуфта шиштай, ки сел биёяу ту барино забондарози кунен.

Дар хакикат хам сели дехахои Бедак ва Халкарфи чамоати дехоти Навди нохияи Рашт бенихоят дахшатнок буд. Сад хазор бор шукр ки ин сел рузона шуд вагарна талафоти чони бенихоят зиед мешуд. Аз мардуми шарифи Точикистон хохиш доштам барои зарардидагон ёрии моддии
худашонро дарег надоранд

Бани одам аъзои якдигаранд....

Гарми
Мардуми Бузурги Рашт як суратхисоб кушоед, ки ериамонро расонем

Шукрулло
Баъзе одамон аз рухдодани ин ходиса ва оё касе ба ин зарардидагон кумак мекунад ё не, тамошо карданро дуст медоран, ба мисли нависандаи коментария dodar ва хакикатчуй. Хой бародар агар ин ходиса ба сари тухам ояд натарс Хукумат ва одамони Точикистон ба Шумохам кумаки худро дарег намедоранд.
Аз дидани холи онхо хурсанд нашав ва гиребони худатро гирифта Шукрона кун.

Мардуми Рашт мо ҳам бародврони шумо ҳамстем. Ҳаргуна васвасаву дурӯғҳоро гӯш накунед. Шумо фикр аз мардуми Кӯлоб кунед, ки дар нима шаб сел омада ҳамаи чизу чораи онҳоро бурда, ба ягон чиз нарасидан. Ягон фикру хаел накунед Ҳукумати ҷумҳури ба мардуми Кӯлоб замин, хона ва муассисаи беҳтаринро сохта додан. Худо хоҳад ба шумо ҳам сохта медиҳад. Бо сабру бо таҳамул бошед падарону модарон ва бародарони азиз.

Аз мардуми шарифи Точикистон хохиш доштам барои зарардидагон ёрии моддии
худашонро дарег надоранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)