Бахшҳо

Убайдуллоев: Маоши якмоҳаамонро ба зарардидагон медиҳем

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 21-уми июл зимни ҷаласаи ин ниҳод аз аъзои Маҷлис даъват намуд, ки маоши якмоҳаашонро ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон диҳанд.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз рафти ҷаласа иттилоъ дод, Убайдулоев нахуст дар хитоб ба аъзои Маҷлиси Миллӣ пешниҳод кард, ки маоши якмоҳа ё ҳадди ақал ниммоҳаашонро ба зарардидагони офатҳои табиӣ диҳанд. Ӯ назари аъзои Маҷлисро пурсид, ки оё зарур аст, ин масъаларо ба овоздиҳӣ монанд: “Аъзои Маҷлис, ки роҳбарони вилоятҳо, ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳои дигар мебошанд, посух доданд, ки зарурат надорад ва онҳо беовоздиҳӣ маоши якмоҳаашонро ба зарардидагон хоҳанд дод”.

Убайдуллоев ин иқдомро хайрхоҳона арзёбӣ карда, афзуд, онҳое, ки имкон доранд, метавонанд бештар аз маошашон ба осебдидагон кӯмак кунанд.

Ин иқдом дар ҳолест, ки Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон 20-уми июл дар мулоқот бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ҳаҷми зарари офатҳои ахири табииро дар Тоҷикистон беш аз 50 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, барои барқарорсозию бартараф кардани оқибатҳои он аз ҷаҳониён кӯмак хост.
Мӯҳр
Рахнавард
О баъд худашон бе маош чи кор мекарда бошанд. Зиндагиро чи хел мебаранд?

ношинос
ш
Тамоман кори нодуруст. Убайдуллоев аз афташ боз ягон даромади иловаги дорад, барои хамин парвои маоши якмоха надорад. Мо баринхо ки гайри маош дигар даромаде надорем чи кор кунем?

маошгир
ин кори зохиран ''хайр'' нишон медихад ки система чи хел руз мегузаронад. як кас нагуфт, ки агар маоши якмохаамро дихам, фарзандонро ба чи хуронам? масрафи коммунали, мехмон, ва гайра аз кадом хисоб мегузарад ин мох? Пас зиндагии рузмараашон аз хисоби маош нест. Додани чунин маош барои онхо баробари якруза обедпулиашон.
Харч агар аз кисаи мехмон бувад
Хотами Той буданам осон бувад
Ин вазъият то хаде табии ва фарогир шудааст, ки хама одат кардаанд ва хатто, бисерихо ин популизми мансабдоронро саховатпешаги ва чавонмарди хам мехисобанд. Ин мусибати милли аст, вакте ки дузди ба фарханг табдил мешавад ва аз ошкор кардани он касе шарм намекунад. Баръакс, фахр мекунанд ва мехоханд аз хисоби он чавонмарди хам карда бошанд. Дар кишвари демократи ва хукукбунед бояд агентии коррупция ва прокуратура хар кадоми ин ''саховатмандонро'' парванда боз кунад, ки маошатро доди, ин мох аз кадом сарчашма зиндаги хохи кард?


Икдоми хуб аст! Аммо баъд. Аз Кумитаи холатхои фавкулодда изхор карданд, ки зарар аз офат 20 млн. сомони аст, сарвазир 50 млн доллар арзёби кардааст, Вазорати корхои хоричи дина изхор кард, ки 100 млн доллар зарар расид. Ин хукуматдорони точик ягон раками аник доранд? Ё аз хисоби проблемаи мардуми офатзада чанд муаммои дигарро низ хал карданиян? Хозир дигар ба хеч кас бовари намондааст. Шаффофияти чамъ ва харочоти маблагхо бояд пурра таъмин шавад....

Сафарбек
ахсан, ахсан, ахсан....Шумохо аъзоёни ММ метавонед 100% маблаги зарарро аз хисоби пасандозхоятон пардохт кунед бахусус Убайдуллоев раисони вилоятхо пули зиёд доред ку ягон зарар намешавад 100 миллион долар барои шумо 25 миллиони долар мерасадатон.....канд занед....ана акнун хонасози аз хисоби ташкилоту муассисахо вазоратхо нохияхо сар мешад гардиши хона ба хона пул чамъ кунед хона месозем ба чои 1 хона пули 2 хонаро аз мардум чамъ мекунанд........акалан 1 маротиб хамон хонахоро аз хисоби бучети кишвар созед

Бародархои шархнавис он кадар кухри ва нотавонбин шуданд, ки хар икдомро аз нигохи манфиашон менигаранд. Чи чои айбу нигаронишон аст, ки парламентархо гамшарики офатзадагон шуданд. Биёд хамаро мисли мафкураи тангатон танг нагиред, агар тавонед шумо хам дар ин икдом хиссагухзори кунед на гапфурушию афкори чомеаро ба дигар су равон кардан. Охир бо хайр кардани як маош хеч кас намемирад ва хама гайр аз он захира дорад. Фарзандони коргар дорад, ки маошашон барои рузгузарони басанда аст. Ба фикрам проблема хамин аст, ки ин ташаббусро каси дигар нею бечора Убайдуллоев нишон додааст. Браво мо бо шумо ифтихор ва хамраъйи дорем. Кош дар командаи ЧО мисли Убайдуллоевхо зиёд бошанд!

Шахри
Кумитаи холатхои фавкулода!!!! Офати табии офати табиист вале хазохо хазор бор гуфтан даркор ки мардум дар наздики ва рохи селгузар хона насозанд.

кори савоб мекунед Убайдуллоев.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)