Бахшҳо
21 июл 2015 17:02Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Палатаи ҳисоб 116 000 $ гранти “баҳсбарангез”-ро месанҷад

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон сарфи 116 ҳазор доллар маблағҳои грантии баҳсбарангези Бунёди глобалиро дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар мавриди санҷиш қарор додааст.

Дар ин бора Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дода афзуд, ки “феълан санҷиш идома дорад ва баъди анҷоми он, мо ҳатман аз натиҷааш ба Шумо хабар хоҳем дод. То анҷоми санҷиш мо ягон чӣ гуфта наметавонем”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Дафтари бозрасии кулли Амрико (Office of Inspector General - OIG) эълон кард, аз 300 000 долларе, ки Бунёди глобалӣ тариқи Барномаи рушди Созмони Милал ба Кумитаи ҷавонон ҷудо кардааст, 116 726 доллари он тариқи сохтакорӣ ва тақаллуб харҷ шудааст. Дар пайи ин эълон Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз ниҳодҳои дахлдор дар мавриди харҷи 116 ҳазор доллар, ки барои мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД ҷудо шудааст, шарҳ талаб кард. Дар назар аст, ки посух дар ин масъала баъди анҷоми санҷиши Палатаи ҳисоб ироа мешавад.
Мӯҳр
Аз Осмон
Рости ман хамин шахсро намешиносам ва аз наздик во нахурдам , локин аз руи чехра( симо) ва кофияи рухсорааш он кадар Рохбари чиди ва чавобгу набошад?

Рохгузар
Ба фикрам он касе, ки пулро обу лой кард, хозир дар аврупо фаьолият мекунад.

Аз замин
як бор замин фаромада, одамонро шинос марди осмони, барои маьлумот бехтарин инсон ва рохбари хоксору чидди аст.

амин
аз осмон ки хасти барои хамин хам чунин бахо медихи. Абдуллозода бехтарин кадр аст.

Агар камтар акл карда фикр кунед, пас маълум мешавад, ки хамин нишастхои матбуоти барои аз наздик шинос шудан бо фаъолияти сохтор, рохбарият, санъати суханвари, натичаи корхо ва гайра гузаронида мешавад. Бинобар ин, ба чои кур курона хулоса баровардан хубаш дар катори ВАО иштирок кунед ва аз наздик шинос шавед бо чунин шахсхо. Чун, ки дар чунин мизхои мудаввар иштирок барои хама озод хаст.

Дарвеш
Укаи сумам набдай ки буковенуш

2968,1 ҳазор сомонӣ зарар молиявии Мақомоти андоз

https://sai.tj/index.php/ru/
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вақте аз таъмини буҷа сухан меронад, ки тибқи ин ҳисобот ҳатто кумитаиҳои зертобеи ин вазорат аз Ҷумла мақомоти андоз бо расонидани миллионҳо сомонӣ зарари морлявӣ айбдор дониста мешавад. Масалан дар ҳисоботи Палатаи савдо гуфта мешавад: «Соли 2014 аз тарафи Палатаи Ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон санљиши аудиторӣ “Оид ба бањодињї ба иљроиши наќшаи ќисми даромади Буљети давлатии Љумњурии Тољикистон дар соли 2013” ва санҷиши фаъолияти молиявию хољагидории Кумита ва сохторҳои он дар давраи аз моҳи августи соли 2012 то моҳи апрели соли 2014 гузаронида шуд.
Санҷиш дар Дастгоҳи марказии Кумитаи андоз ва 6 сохторҳои зертобеъи он зарари молиявиро ба маблағи умумии 2968,1 ҳазор сомонӣ ошкор намуд, ки он аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 223,0 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 447,4 ҳазор сомонӣ, камомади воситаҳои пулию молӣ 11,2 ҳазор сомонӣ, кам ҳисоб намудани маблағи андозҳо ва ҷаримаю фоизҳо аз рӯӣ натиҷаи санҷишҳои дар субъектҳои хоҷагидорӣ анҷомдода 2043,9 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби ба буҷет кам пардохт намудани фоизи муайяншуда аз даромади маблағҳои махсус 242,6 ҳазор сомониро ташкил додааст. Инчунин, истифодаи ғайрисамараноки маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби пешпардохти маблағҳо ба молтаъминкунандагон ва саривақт ворид накардани молу маводҳо ба қадри 557,7 ҳазор сомонӣ ва бар хилофи тартиби муайяншуда аз њисоби маблаѓњои махсус пардохт намудани мукофотпулиҳо ба кормандон ба муносибати љашнгирии идњои гуногун ба маблаѓи 12544,8 ҳазор сомонї муайян карда шуд».
Агарчи дар ин иаудит аз зарари молиявии аз тарафи Кумитаи андоз расонида шуда, 2968,1 ҳазор сомонӣ сухан меравад, вале роҷеъ ба барқарор кардани зарари расонида чизе гуфта намешавад.

Агар натичаи тафтишот дар ин ниход низ чун дар макомоти андоз чамъбаст шавад натича медода бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)