Life news: ФСБ ду тоҷикро барои талоши анҷоми амалҳои террорӣ дар Русияву Тоҷикистон ҷустуҷӯ дорад
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар талоши анҷоми амалҳои террористӣ гумонбар дониста, онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Life news" бо такя ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.
Ба иттилои ин шабака, пулис бародарон - Умед ва Абдулаҳад Давлатовҳоро барои талоши анҷоми амалҳои террорӣ бо истифода аз маводи кимиёии “симоби қирмиз” таҳти пайгард қарор додааст. Ба фарзияи тафтишот, ин маводи кимиёиро муттаҳамон барои анҷоми амалҳои террорӣ дар Русия ва Тоҷикистон кор доштаанд: “Ҳоло ҳардуи ин ҷинояткорон дар қаламрави Русия қарор доранд. Мақомоти вижа ба кофтукоби гумонбарон машғул аст”.
Ба иттилои манбаъ, маълумоти бештаре дар робита ба ин қазия дастрас нест. Маълум нест, ки ин ду шаҳрванди Тоҷикистон маводи кимиёиро аз кӣ бояд дастрас мекарданд. Инчунин рушан нест, мақомоти вижа чӣ гуна маълум кардаанд, онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва ин маълумот аз куҷост, ки амалҳои террориро онҳо дар Русия ва Тоҷикистон анҷом доданӣ буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |