Бахшҳо
22 июл 2015 10:29Тоҷикистон / Сиёсат

Кӯмак аз кисаи Президент ва супориш: 6 ноябр хонаҳои нав омода шаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми июл бо баргузории ҷаласаи ҳукумат барои рафъи оқибати офатҳои табиӣ дар кишвар дастур додааст, ки зарардидагон то моҳи ноябри соли равон соҳиби хонаи нав шаванд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он, ки дар Шуғнон 72 хона ва дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 15 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд, таъкид намудааст, ки хонаҳои харобшуда бояд то 6 ноябри соли 2015 пурра барқарор карда шаванд: “Хонаҳои навсохт бояд бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз ва аҳли ин оилаҳо бо сару либос таъмин гарданд”.

Бо дастури президент тамоми масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҳисоби давлат ройгон таъмин мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин супориш додааст, ки аз ҳисоби президент ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ ва ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман вайрон шудаанд, 6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шавад.

Дар ҷаласаи имрӯза зарари офатҳои табиӣ 600 миллион сомонӣ арзёбӣ шуда, таъкид гардидааст, ки он дар пайи гармии бесобиқа дар 71 соли охир рух додааст: “Чунин гарм шудани ҳарорати ҳаво ва боло рафтани оби дарёҳо дар Тоҷикистон бори охир соли 1944 ба қайд гирифта шудааст”.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба робита ба ҷомеа низ, имрӯз, 22-юми июл зимни як ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе бо таъкиди дастури президент, ки бояд кӯмакпулии яквақта расонда шаваду то 6 ноябр, рӯзи Сарқонун хонаҳои нав барои зарардидагон таъмин гарданд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори кӯмак шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар пайи офатҳои табии рӯзи 20-уми июл 6 сокини ноҳияи Ванҷ ва як сокини Рашт ҷон додааст.
Мӯҳр
Сгера
Ку мебинемда то 6 ноябр читари хонахора месозан???

Рохгузар
мухлис
Мухтарам Чаноби Оли рахмат барои дастгирихе, ки барои мардуми ниёзманд мекунед!!!!!!

Ватандор
Чреп ё Шрек! Аввал 5 сомон кумак кун, баъд тамошобин шав. Бе ману ту месозанд, ба кадри гамхорихои Рохбари Давлат расидан лозим!!!

Вазорати молия
Бояд дакик навишт, мухтарам рузноманигорон! Аз кисааш не, аз хисоби Фонди Президенти ЧТ маблаг чудо мекунад, ки хамасола аз бучаи давлат ба ин фонд маблаги хубе гузаронида мешавад. Ин пули халк аст. Мутаъассифона, касе хаки назорати маблагхои ин фондро надорад. Инро хамчун хайрия нишон додан хуб нест. Ин пули бучаи давлат аст.

Ба Сгераи тамошобин. Худоро Шукр, ки ту барин тамошобини баддахон дар Точикистон кам аст. Имруз ходисаи шудаги чои тамошо нест. Хонахоро бовари дорам то 6 ноябр не то 6 сентябр месозанд. Чунин корбари дар Точикистон бори аввал нест. Чунин ходисахоро мардуми Точикистон тез сияхиаш тоза карда мепартояд. Худо мардуми Точикистон доимо дастёрии якдигарбошанд.

jjj
hama boyad yordam kunem!!!Сгера,

Чавон
Ба сгера ва е бо ном вазорати Молия, дар умри саратон як каппа сохтаги нестед, мард бошед е аккалан худро мард вонамуд кунед. Дар ягон давлати чахон нисбати сокини офатзада чунин гамхории Хукумат дида намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)