Бахшҳо
22 июл 2015 12:49Тоҷикистон / Тема дня

Ихроҷи донишҷӯи тоҷик барои наворҳои ДИИШ дар телефон

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, як донишҷӯро барои ба ҳамсабақонаш намоиш додани наворҳои ҷангҷӯёни Ироқу Сурия ихроҷ кардаанд.

Ашӯрбой Солеҳзода, ректори Донишкадаи молия ва иқтисод имрӯз, 22 июл дар аснои нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе гуфт, ин донишҷӯ наворҳои ҷангҷӯёни гуруҳи террористии мавсум ба “Давлати исломӣ”-ро дар телефонаш нигаҳ дошта, онҳоро ба ҳамдарсонаш намоиш додааст. Оқои Солеҳзода афзуд, донишҷӯи ихроҷшуда бештари вақт ба дарсҳо ҳозир намешудааст: “Мо падару модарашро ба донишкада даъват карда, суҳбат кардем. Баъдан ӯро хориҷ кардем”.

Ба гуфтаи Ашӯрбой Солеҳзода дар Донишкадаи молия ва иқтисод барои ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои тундраву ифротӣ чораҳои махсус андешида шудааст. Ӯ гуфт, ба омӯзгорон дастур дода шудааст, панҷ дақиқа дар оғоз ё анҷоми дарсҳо дар мавриди зарарҳои экстремизму терроризм ба донишҷӯён суҳбат кунанд. Ректори донишкада мегӯяд, дар ин суҳбатҳо бештар аз давлатҳое мисол оварда мешавад, ки дар гузашта вазъи хуби иқтисодӣ доштанд, аммо дар пайи суръат гирифтани раванди экстремизму терроризм ва шурӯи ҷанг дар гирдоби мушкил монданд.
Мӯҳр
Далер
Ачаб коре кардед, ректор! Номаъкул кардед. Ба чои он ки ин чавонро тарбия дихед, шумо уро ихроч кардед. Албатта, ба Шумо маъсулиятро аз гардани худатон гирифтан кори осонтар буд. Боз ин одам ректор мешадаст, педагог, омузгор! Хайф

Мухтарам Солехзода хорич кардан рохи халли масъала нест ба фикри ман вазифаи Шумо тарбия кардани донишчуен аст. кани кафолат, ки баъди ихроч шудани ин донишчу у ба гурухи ДИИШ намепайвандад?

Тоҷик
Кори хуб накардед...Ун камбағал маҷбур мешавад ба ДИИШ равад(((((

Тасин
мухтарам ректор чораи дигар фикр накардед или ба кала на омад ?

Мухтарам Ашӯрбой Солеҳзода барои пешгири кардани чавонон аз шомилшави ба чунин гуруххо хорич кардан илочи вокеа нест, зеро ин бача ва дигароне, ки хорич мекунед бо вучуди ин ба танбехи волидайн гирифтор мешаванд. Дар натича ягона рохро пайвастан ба ин гурух медонанд ва мераванд, чунки дар чое тахсил намекунад , бекор ва танбехдидаанд. Роххои дигарро фикр кунед.

gggg
Salom, Rektri muhtaram Kori sumo dar sha'nu sharafi yak omuzgor zebanda nest, donishjuyonro AZ zarari terorizm ogoh boy ad namud. Khorij kardan rohi Hali mas' Ala best

Сухроб
Ректор бехтарин кор кард...агар уро хорич намекард даххо донишчуи дигарро заражони карда Сурия мебурд..Бигзор равад мурад..хас каму чахон пок..Як точик мусалмонкуши карда мунофикона дар Ироку Сурия мирад хуб е дах точик....кадомаш хуб аст?...Хаматон дониши тахлил кардан надоред бо гап нишон метен...хело макорона таарфторони ДОИШ-ро дастгири мекунед..Худо биомурзад Шуморо бо ин маккориатон....Озодагон номарди накн чоп кн кам кам агпои мора.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)