Бахшҳо

САДО: Наздики 110 масҷиди Суғд ба мавзеъҳои истироҳативу таърихӣ табдил ёфтаанд

Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд мегӯяд, то имрӯз фаъолияти 108 масҷиди панҷвақта қатъ гардида, он ба мавзеъҳои истироҳативу таърихӣ табдил дода шудааст.

Обидҷон Шарофов, мудири ин ниҳод зимни нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар қаламрави вилоят 1195 масҷиди исломӣ фаъолият мекунад, ки 13-тои он масҷиди ҷомеи марказӣ, 91-тоаш масҷиди ҷомеъ ва 955-то масҷиди панҷвақтаанд: “Вале мутаассифона, 136 масҷиди панҷвақтае, ки аз соли 2009 инҷониб бидуни аз қайд нагузашта, фаъолият мебурданд, феълан фаъолияти онҳо муваққатан боз дошта шудааст”.

Ҷаноби Шарофов афзуд, аз шумора ҳуҷҷатҳои 28 масҷид ба талаботи моддаи 13-и Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” мутобиқ мебошанд ва имкони дубора ба қайд гирифтани онҳо вуҷуд дорад: “Ҳоло мо маводи заруриро омода кардем ва ба наздикӣ барои аз нав ба қайд гирифтан пешниҳод мекунем”.

Аммо мудири Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд гуфт, 108 масҷиди дигар ғайриқонунӣ амал мекарданд ва дар асоси қарори шаҳру ноҳияҳо фаъолияташон қатъ гардид: “Ин теъдод масоҷид ҳоло ба иншооти ёдгориву таърихӣ, кумитаи маҳаллаҳо, чойхонаҳо, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва боғчаи бачагона табдил дода шудааст”.


Мӯҳр
Асадулло
Боз мегем, ки офатхои таббии зиёд шуданд, агар хамин хел рафтан гирад бачои Хонаи Худо чойхонаҳо, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, соз шавад албата боз офатхои табии зиёд мешавад. Ин корро бас КУНЕД ИЛТИМОС ВА ХОХИШ!

Точик
Асадулло,
дааа... бо ин тафаккури торики асримиенаги мо ба кучо равонем???!!! Причем тут офатхои табии??? О хукумат пеши рохи чахолатро нагирад мо пагох фардо ба Афгонистону Покистон, Сурияву Ироку Либие табдил меебем. Хамаша ба богчахои бачагона табдил дихед!! Богча намерасад!

Асадулло
Бо боварии комил гуфта метонам, ки агар ХУКУМАТ ХАНГОМИ ТАХИЯИ БУЧЕТ ХАКАЛАН 1 МИЛЛИОН СОМОНИ ЧУДО КУНАД, БАРОИ СОХТУМОНИ МАСЧИД (ХОНАИ ХУДО) ОФАТХОИ ТАББИИЕ, КИ 600 МИЛЛИОН СОМОНИ ЗИЁН МЕОРАД ПЕШГИРИ МЕШАВАД ИНШОЛЛОХ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)