Бахшҳо

Муфтии Покистон: Назарам дар бораи Э. Раҳмон дигар шуд...

Маҳмуд Ҳофиз Муҳаммад Тоҳир, раиси Шӯрои уламои Покистон, имрӯз, 23-юми июл зимни Конфронси байналмилалии “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм” дар Душанбе изҳор дошт, ки қаблан ба шароити мусалмонҳо дар Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар назари дигар дошт.

Раиси Шурои уламои Покистон дар пайи маҳкумсозии терроризму ифротгароӣ афзуд, ки ҷавонҳо бояд дар доираи ҳақиқати суннату ояҳои Қуръон амал кунанду фирефта нашаванд. Дар мавриди Тоҷикистон ӯ изҳор дошт, ки дар Душанбе бо мардум суҳбатҳо карда, аз хиёбонҳо дидан намудааст: “Бо руҳониёни тоҷик низ суҳбат кардам ва бояд бигӯем, ки назари ман дар бораи Тоҷикистон, мардуми тоҷик, ҳукумат ва раисиҷумҳур куллан тағйир ёфт”.

Ба қавли раиси Шӯрои уламои Покистон, то аз наздик шинос шуданаш бо вазъ дар Тоҷикистон бовар надошт, ки Ислом дар кишвар чунин шаҳомату мусалмонҳо чунин шароит доранд.

Маҳмуд Ҳофиз Муҳаммад Тоҳир дар пайи тавсиф аз ҳукумату мардум илова намуд, ки минбаъд ҳамкориро бо руҳониёни тоҷик зичтару бештар мекунанд. Инчунин таъкид кард, ки дари донишгоҳҳои Покистон танҳо барои онҳое боз аст, ки қонунӣ тариқи давлат барои таҳсил ба ин кишвар мераванд.

Феълан Конфронси байналмилалии “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм” дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе идома дорад.
Мӯҳр
Шофбурут
Мехмон намебуди, милисахо капида ришатро коктарош мекарданд. Ана баъд назарат тамоман дигар мешуд.

хакиката намедона тариф мекуна

Чунон гап мезананд, ки гуё дигар милисахо дар кучахо факат ришдорхоро шикор мекунан, як бор аз ягон бозори шахр дидан кунед хаёл мекуни, ки дар Афгонистони ин хакикат нест? Дар хар кучаву паскучаи Душанбе як масчит не ду тоги мавчуд аст Худоро шукр, ин хакикат нест? Дар тамоми масчидхо шукронаи Худованд як мохи Рамазон хатми Куръон сурат гирифт ин хакикат нест? Барои чи ин кадар менолед эээээ афсус......

Ин бечора дар кадом масчиди Душанбе намоз хонда бошад.ва оё ягон навчв
авонри то !8 сроаро дида бошад, ки дар Покистон бапои хеч кас маздулият нест

Абдулло
Ҷавоб ба САФАР оё ҳиҷоб амри Худо нест? Пас чаро дар мактаб, Донишгоҳ ва ё корхонаҳои давлатӣ бо ҳиҷоби Исломӣ даромадан мамнуъ аст? Ақалан як духтар ё зан дар инҷо хондан ё кор кардан бо либоси Исломиро ҳақ надорад. Аз Худо битарсед. Ҳар касе аз Худованд воқеан метарсад ҳиҷоб, риш ва дигар амрҳои Худо ва Паёмбарашро дӯст медорад. Пас ҳаркасе, ки наметарасад, итоат намекунад ва бо ин амрҳо мубориза мебарад оқибат хору залил мешавад. Ин суханони Худо ва Расулаш ҳастан, ки бе ягон шаку шубҳа мо ба ин суханон имон овардем.

Шараф
Ако. Дар Точикистон мусулмони чояш ба. Факат бачахои моро дар ватанатон терорист накунед, толибу ДОИШ накуне. о мо чизи дигарро низ медонем, ки хамин Покистон Ахмадшохи Масъуд ва Бурхониддини Рабониро ба воситаи тлолибон хукумат кардан намонд. Толиб хам дар Афгонистон аз Покистон меояд ва аз Покистон хайр мебинад. Пас мардакча гап занем, каме ором шавед дунё тинч мешавад.

Озодагон низ мисли твт моли Рахмон шудааст. Дар тамоми дунё ягон таъриф дар бораи призидент шунава зуд чоп мекнад агар танкид шунид зуд гушашро ба кари меандозад. Шарм дор озодагон

мария
ба риши у чикор дорен мардуми гумгашта кори хутона кунед Худои хутона гуед, факат мардако гайбат мекнен халос.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)