Музокироти Сироҷиддин Аслов бо Ван И дар Пекин
Раҳбарони вазоратхонаҳои умури хориҷии Тоҷикистону Чин ба рушди муносибатҳои ду кишвар баҳои баланд додаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, раҳбари ин ниҳод, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Пекин қарор дорад, рӯзи 23 июл бо ҳамтои чинияш – Ван И мулоқот карда, музокиротеро низ анҷом додааст.
Дар музокирот доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Чин, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, энергетика, маориф, фарҳанг ва рушди захираҳои башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раҳбарони вазоратхонаҳои умури хориҷии Тоҷикистону Чин ба зарурати идомаи ҳамоҳангсозии бештар миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои татбиқи амалии қарорҳое, ки қаблан аз ҷониби раҳбарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин қабул гардида буданд, таъкид кардаанд.
Инчунин ҷонибҳо перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули назар карда, рағбати худро ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ таъкид намуданд.
Дар охир ҳар ду ҷониб ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин, ки бемайлон густариш меёбанд, баҳои баланд доданд. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки музокирот дар фазои озод ва ҳусни эътимод баргузор шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |