Бахшҳо

Хидирзода дар бораи 2066 танфурӯш, наворҳои фаҳш ва 12 зан дар Сурия (ВИДЕО)

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, феълан 12 зани тоҷик дар ҷангҳои Сурия қарор доранд.

Хидирзода дар ин бора имрӯз, 24-уми июл зимни як нишасти матбуотӣ бо такя ба омори мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин занҳо бо роҳи гуногун ба Сурия ҷалб шудаанд: “Баъзеяшон аз пайи шавҳарҳояшон рафтаанд, баъзеи дигар бо роҳҳои дигар фирефтаю ҷалб шудаанд. Мояи нигаронӣ аст, агар як зани тоҷик ҳам дар Сурия қарор дошта бошад”.

Хидирзода инчунин бо таассуф афзоиши танфурӯшӣ миёни занони тоҷикро зикр карда, афзуд, ки чораандешиҳояшон то ҳол натиҷаи назаррас надодаанд. Тибқи иттилои расмӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон танфурӯшии 2066 зан ошкор шудааст. Хидирзода зарур хонд, дар баробари оморҳо, ки чӣ қадар танфурӯшанду чанд нафар дар Сурияанд, таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб равона гардад: “Чораандешиҳои натиҷаи назаррасро надодаанд ва раванди танфурӯшӣ майли афзоиш ниҳодааст”.

Ӯ гуфт, талош мекунанд, корҳои инфиродиро бештар кунанд ва афзуд бояд ҳама фикр кунанд, ки кадом роҳҳои ҷилавгирии ин зуҳурот вуҷуд дорад: “Чун ватандор астему агар дили мо сидқан ба халқи миллат сӯзад, ин зуҳуроти номатлубро бояд аз байн барему ҳамагон талош кунем”.

Раиси Кумитаи занон инчунин нашри наворҳои фаҳшро бо иштироки занони тоҷик маҳкум кард. Ӯ эроди рӯзноманигоронро, ки бархе наворҳои фаҳш бо рӯи кушоди занони тоҷик дар интернету дигар шабакаҳо пахш гардиданду Кумитаи занон ҳеч мавқеъгирӣ накард, изҳор дошт, ки ин гуфтаҳо қобили қабуланд: “Намедонам, ки ҳадафи онҳо чӣ буд, аммо зидди пахши чунин наворҳои фаҳшам. Ин гуфтаҳо қобили қабуланд”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан аз ҷониби студияи ба ном “Нури Наҳзат” дар интернет наворҳои фаҳш нашр мешуданд, ки қаҳрамонони он, ки бархеяшон занон буданд, аъзои ҲНИТ муаррифӣ мегардиданд.

ВИДЕОҲОИ СУҲБАТИ ХИДИРЗОДА

Мӯҳр
“Чун ватандор астему агар дили мо сидқан ба халқи миллат сӯзад, ин зуҳуроти матлубро бояд аз байн барему ҳамагон талош кунем”.

Аҷибаш ин аст, ки и зуҳурот МАТЛУБ будааст...

“Чун ватандор астему агар дили мо сидқан ба халқи миллат сӯзад, ин зуҳуроти матлубро бояд аз байн барему ҳамагон талош кунем”.
Аҷиб апст, ки ин зуҳурот маӣлуб будааст...

Авал ин ки шумо худатон ин зухуротро ташкил кардед барои пешгирии ин бигзор модарону хохарони мо рузхои чумъа ба намоз раванду амри маъруфу нахе аз мункар шунаванд дар рестарану дискотекахо одобу ахлок намеомузанд. Бисёр чои таасуф аст ки имруз баъзе аз беномусхоро мешунави бо апаву хохархои худ бо ноболигон хамхобаги мекунанд астагфируллохаллази хамаи ин дур мондан аз ислом аст. чаро духтари 14 сола дар тарабхрона ракоса шида метрна касе чизе намегуяд бачахо ба масчид раванд уро ман мекнан ки ба масчид нарав мегуянд??

Ватандор
Илтимос номери телфуни танфурушора бнависенда кам кам брам аз хизматрасонишун истифода кунм охи. Интизор мешавм.

кулябец
Раиси занон худ бояд намуна бошад .Бояд бо либоси хоси точикона ба назди омма барояд. Индира Ганди, Биназир Бхутто бо вучуди садори давлат буданашон либоси милли доштанд. Шумо хонуми зебо бо либоси милли хам намуна мешавед хам сохиби хурмату эхтиром!! Сатр аз мо набудааст, лекин руймоли точики кучост???

diplomat
ЯГОНА ШАХСИ ТОЗА ДАР ХУКУМАТИ ТОЧИКИСТОН

замон
Хидирзода бояд ба занхои точик намуна бошад? ?

ДУРУСТ КАЙД КАРДЕД БОЯД ХИДИРОВА АВВАЛ ХУД ДАР ТАН ЛИБОСИ МИЛЛИ ДОШТА БОШАД,ТО ДИГАР БОНУВОН АЗ ОН ИБРАТ БИГИРАНД. МО ХАР РУЗ ДАР БОРАИ САТР МЕГУЕМ, КИ АЗ МО НЕСТ,АЗ МО НЕСТ ВА ЧАРО ДАР БОРАИ ЛИБОСХОИ АВРУПОИ НАМЕГУЕМ?ЧИ МАГАР ТАКЛИД БА ЛИБОСХОИ АВРУПОИ БЕГОНАПАРАСТИ НЕСТ? ЕИН,КИ ДАР ИН ЧО НИЗ МАНФИАТХОИ ГУРУХИ БА ИНОБАТ ГИРИФТА МЕШАВАД.АЛБАТТА ХИДИРОВА ХУД ЯКЕ АЗ ОЛИМАХОИ БЕХТАРИНИ ТОЧИКИСТОН АСТ ВА ИНРО ХУБ ДАРК МЕНАМОЯД.АГАР ДАР САР РУЙМОЛИ ТОЧИКОНА МЕДОШТАНД БОЗ БА СИМОИ ЗЕБОИ ТОЧИКОНАИ ОН ЗЕБОГИЕ ЗАМ МЕГАРДИД.АЗ ЗАНХОИ МАНСАБДОРИ ТУРКМАНИСТОН ИБРАТ ГИРЕД БОНУ ХИДИРОВА!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)